ВОСЕЪ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӣ, «Садои мардум») Соҳибкор Сангаҳмад Тиллоев, аз деҳаи Кадучии деҳоти ба номи Мирзоалӣ Вайсов, бо мақсади ҷалби сокинони деҳа ба китобу китобхонӣ, бинои зебои хуштарҳи замонавии китобхона бунёд намуда, бо муҳайё кардани беш аз 5 ҳазор нусха китобҳои гуногун онро дар хизмати мардуми деҳа қарор дод. Зимни ба истифода додани бинои китобхона раиси ноҳия Рустам Латипов, муовини якуми раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдулҳамид Самадов, нависанда Садриддин Ҳасанзода суханронӣ карда, ин амали хайру савоб ва бисёр дурандешонаи соҳибкор С. Тиллоевро таҳсину таҳният гуфта, худро ба рӯйхати аввалин хонандагони китобхона, ки номи «Тиллои Самад» — ро гирифтааст, шомил намуданд.
Воситаҳои ахбори оммаи имрӯза ба минбари таҳлилу баррасии фарогири мушкилоти рӯз табдил ёфтаанд. Онҳо ба масъалаву мавзӯъҳое даст мезананд, ки бояд аз ҷониби сохтору мақомоти гуногуни давлатӣ дар доираи ваколатҳояшон ҳал карда шаванд.
Эмомалӣ Раҳмон