Муъҷизаи аср

№91 (4831) 17.07.2024

53104737219_a514f064ce_o — копияСафари мо ба НБО «Роғун», ин кохи нур, тариқи корвони иттилоотии журналистон сурат гирифт. Мақсад аз ташкили сафар ошноӣ бо вазъи кор ва зиндагии фотеҳони иншооти бузурги аср мебошад. Ҳамроҳони мо кормандони рӯзномаҳои ноҳиявию шаҳрианд. Бештарашон бори аввал ба «Роғун» меоянд ва хеле ҳаяҷон доранд. Мо замони шуравӣ аз ин макон дидан карда будем, аммо баъд аз соҳибистиқлолӣ ин ҷо дигаргунии зиёд ба амал омада, ба корзори бузург табдил ёфтааст. Ҳоло «Роғун» вирди забонҳост. Хурду бузурги Тоҷикистон дар борааш зиёд мегӯянду менависанд, аммо «Роғун»-ро бо ҳама азаматаш наметавон бо сухан тасвир кард. Ин муъҷизашаҳрро ба чашми сар бояд дид.

Ин навбат «Роғун»-ро тамоман дигаргуна дарёфтем. Ин ҷо он қадар тағйироту навгониҳо ба амал омада, ки кас бовар намекунад ин ҳама аз заҳмати инсон аст. Хусусан, ҳолати кӯҳро шикофтану пора кардан ва дар дохили он аз оҳану бетон қаср бунёд намудан.

САРБАНД

Нахуст аз сарбанд дидан кардем. Воқеан, дидани сарбанди неругоҳ, ки бо баландии 335 метр аз шумори баландтарин сарбандҳои олам дониста мешавад, бисёр таъсирбахш аст. Ҳоло мо назди ин сарбанд истода, ҳеҷ бовар карда наметавонем, ки пешорӯи обанборе қарор дорем, ки дар дунё баландтарин маҳсуб меёбад. Он на танҳо сарбанди як неругоҳи азим, балки бо гузашти солҳо садди бузурги баҳри беканоре хоҳад гашт, ки дарозиаш наздик ба ҳаштод ҳазор метр тӯл мекашад.

Фаромӯш накардаем чӣ тавр баста шудани пеши роҳи ин рӯди саркашро. Он замон ин ҷо мардуми зиёде ҷамъ омада буданд. Ин манзараи ҳаяҷонбахш, лаҳзаҳоеро, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сари чанбари булдозер нишаста, маҷрои дарёро бастанд, мардуми кишвар аз тариқи телевизион тамошо карданд. Ин лаҳзаҳои таърихӣ ҳеҷ гоҳ аз хотираи мардум зудуда нахоҳад шуд. Бале, баста шудани маҷрои оби Вахш на танҳо ҳодисаи фараҳбахши сиёсию иқтисодӣ, балки рӯйдоди муҳими таърихии кишварамон мебошад, ки ба ояндаи неки халқи тоҷик мусоидат хоҳад кард. Мо ба ин бовар дорем. Он, бегуфтугӯ, дар китоби корномаҳои энергетикии Ватанамон бо ҳарфҳои заррин сабт ва оғози марҳилаи наве дар роҳи расидан ба истиқлолияти комили энергетикии кишвар хоҳад шуд. Неругоҳ ба бузургию ҳашамат ва тарҳи наҷибаш беназир аст. Тарҳи наҷиби он аз ҷониби беҳтарин мутахассисон, маҳз, барои шароити кӯҳистони Тоҷикистон омода шуда. Ба ҳамин хотир, Роҳбари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди неругоҳ мубориза бурданд. Ҳарчанд дар ин роҳ ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ шуда бошанд ҳам, ниҳоят ин ҳама такудавҳо, гуфтугӯю муборизаҳо натиҷаи дилхоҳ оварданд.

ОБАНБОРИ АЗИМ

Мо дар саргаҳи обанбори тозабун­ёди неругоҳи азим қарор дорем, ки оянда ба яке аз калонтарин иншооти энергетикии Осиёи Марказӣ табдил меёбад. Ин мавзеъ макони нодири табиати Тоҷикистон аст ва шояд дар тамоми олам чунин макони мувофиқ — дарёи сероб ва софу тезҷараён, кӯҳҳои устувор, ҷои васеъ ва мувофиқ барои ҷамъ шудани об мавҷуд набошад, ки дар он ба ин андоза имкони табиӣ барои бунёди чунин як неругоҳи азим фароҳам бошад. Аз ду ҷониб қӯҳҳои баланду устувор соҳилҳои Вахшро иҳота кардаанд, вагарна сохтани чунин садди мустаҳкам даҳсолаҳо даст намедиҳад. Дар ин гуна шароит бунёди чунин як неругоҳи азимро ба ҷуз қаҳрамонӣ чизи дигаре наметавон унвон дод. Вахши саркашу мағрур водиро ду ҳисса кардааст, ки ҳар ду қисмаш саросар санг асту кӯҳ. Мардуми ин ҷо замини мувофиқ барои киштукор ва боғдорию чорводорӣ надоранд. Аз талу теппа ва ёлаҳояш низ наметавон суди зиёде бардошт.

Он рӯз дур нест, ки ин ҷо баҳри азиме ба вуҷуд меояду инфрасохтори туристӣ бунёд мегардад. Ин дигаргунӣ зиндагӣ ва рӯзгори мардуми минтақаро бесобиқа тағйир хоҳад дод. Сайёҳони зиёде ба ин макон ташриф хоҳанд овард, ки дар натиҷа садҳо ҷойҳои нави корӣ пайдо мегарданд. Ин ҳама, дар маҷмӯъ, ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардуми канорҳои соҳил бетаъсир нахоҳад монд. Ин ҷо, ҳамчунин, метавон моҳипарвариро рушд дод.

САРБАНД Кор ба марҳалаи ниҳоӣ наздик мешавад

Кор дар сарбанд ва минтақаҳои ба он наздик, ки бо баланд шудани сатҳ зери об мемонанд, бо ҷӯшу хурӯш идома дорад. Роҳбалад моро ба нуқтаи баландтарини обанбор мебарад. Ҳар қадар боло мебароем, ҳамон андоза атрофи неругоҳ беҳтару хубтар намоён мешавад. Дар ин баландӣ низ кор босуръат ҷараён дорад. Ин ҷо қисме ба мустаҳкам кардану сементбандии нишебиҳои кӯҳ ва қисми дигар ба кофтани чоҳҳои чуқуриашон аз 150 то ба 200 метр машғуланд. Кор дар ин ҷо ба марҳалаи ниҳоӣ наздик мешавад. Ҳоло коргарон атрофи чоҳҳоро бо симтӯрҳои муҳофизатӣ мустаҳкам мекунанд. Корашон осон не, балки хавфнок аст, аммо чун нияташон созандагию азмашон қавист, ин амалро бо заҳмату талош ва ҷасорати махсус анҷом медиҳанд. Тавре аз суҳбат бо коргарон маълум шуд, мақсад аз бунёди чоҳҳо ин аст, ки ҳангоми баланд шудани сатҳи об аз садди обанбор қисми зиёдатии он аз тариқи ин қубурҳо поён фурояд.

- То ба сахтии кӯҳ расидани об тоза кардани сангу шағалро идома медиҳем. Баъд аз ин, қабати болоиро пурра бо семент мустаҳкам мекунем, то хавфу хатаре аз фуромадани сангу рег ба дохили обанбор боқӣ намонад,- афзуд директори истеҳсолии НБО «Роғун» Қурбонназар Давронов.

ШАҲРЕ ДАР ДИЛИ КӮҲ

“Роғун», ки дар дили кӯҳ бунёд ёфта истодааст, иншооти хеле нодир арзёбӣ мешавад. Мо ба дили кӯҳ ворид шуда, шаҳристонеро равшану озода дидем. Чӣ шаҳри зебое дар дили кӯҳ бунёд шуда…

Ин ҷо касе бекор нест. Дар кӯчаю паскӯчаҳо, роҳравҳои азиму баланд низ одамон ба коре банданд. Онҳо ба назар уқобонеро мемонанд, ки дар ёлаи кӯҳ бо азму талош барои худ лона месозанд.

Диққати моро бештар нақбҳои дохили неругоҳ ҷалб намуд. Онҳо аз нақбҳои муқаррарие, ки ағбаҳоро шикофта мегузаранд, тафовут доранд. Калону васеъ ва баланду барҳаво ба назар мерасанд. Туннелҳои обгузар мутобиқ ба талабот бунёд мешаванд.

Умуман, дар ин макон нақбҳо мақоми аввалиндараҷа доранд, зеро ҳама кор дохили нақбҳо ба анҷом мерасад. Қисми азимашон роҳҳои нақлиётӣ, қисми дигар вазифаи сарой, биною толор ва идораҳои хизматиро ба ҷо меоранд. Аз ҳама зиёд садои васлгарӣ ба гӯш мерасад. Кафшергарон бо ин амалашон оромиро халалдор, нақбҳои калонро дубораю себора тӯрбофӣ менамоянд.

Коре, ки дар «Роғун» ҷараён дорад, ҳар бинандаро ба ҳайрат мегузорад. Ин манзараҳоро дида, кас беихтиёр мегӯяд: «Роғун», воқеан, муъҷиза аст, муъҷизаи аср!

Он имрӯз ба иншооти бузургтарини аср, корзори бузурги нангу номуси миллӣ, амалисозии орзую армони тоҷикон, майдони қаҳрамонӣ, арсаи далерию ҷавонмардӣ, андӯхтани ҳунару таҷриба барои ояндасозӣ мубаддал гаштааст. Ҳоло дар ин ҷо ҳазорҳо родмардони Ватанро метавон дид, ки аз гӯшаю канори ҷумҳурӣ ҷамъ омада, дар дили ин кӯҳи азим ҷо гирифтаанд. Онҳо синаи кӯҳро шикофта, «Роғун»-ро бунёд мекунанд ва бо ин амалашон ба Ватан, миллати худ садоқату мардонагӣ нишон медиҳанд.

Дар ин макон садои симфонияи зебоӣ, меҳнат, ки танҳо хоси созандагони «Роғун» аст, ба гӯш мерасад. Ин садо аз қалбҳои пурҳарорати бунёдкорони «Роғун» бармеояд, ки содиқона барои ояндаи дурахшони кишвар заҳмат мекашанд.

Достони «Роғун» идома дорад. Ҳоло кор дар мавзеъҳое ҷараён мегирад, ки баъди чанде зери об мемонанд. Корҳои дохили неругоҳ низ кам нест ва ин ҳама давра ба давра, дар вақтҳои таъиншуда ба анҷом хоҳанд расид. Ҳоло масъалаи аз ҳама муҳим дар вақти таъиншуда барои истифода омода кардани агрегати сеюми «Роғун» мебошад.

Алихон ЗАРИФӢ,

«Садои мардум»