Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи роҳбари намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират таъин намудани Азимӣ Д.А.

№ 22.07.2024

аз 18 июли соли 2024, №408, ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Азимӣ Дилрабо Амирқул роҳбари намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират таъин карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН