Мавзуи рӯз

Банкоматҳои бепул ва мардуми сарсон

№92 (4832) 22.07.2024

Аз хунукназарии кормандони бонкҳо маҷбур шудам норозигии мардумро аз вазъи фаъо­лияти банкоматҳои шаҳри Истаравшан иброз намоям.

Дар шаҳри Истаравшан зиёда аз 10 бонк ва ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла «Амонатбонк»‚ «Душанбе Ситӣ»‚ «Эсхата»‚ «Ориёнбонк»‚ «Имон интернейшнл»‚ «Арванд»‚ «Спитаменбонк»‚ «Алиф»‚ «Коммерсбонк»‚ «Матин»‚ «Ҳумо»‚ «Аввалин бонки молиявии хурд» ва «ОКСУС», фаъо­лият дорад. Ҳоло дар шаҳр зиёда аз 60 банкомати ташкилотҳои қарзӣ мавҷуданд, ки аксар дар маркази шаҳр ё назди бозори марказӣ ҷойгир мебошанд. Дар гӯшаҳои шаҳр танҳо банкомати «Амонатбонк» ва «Душанбе Ситӣ»-ро дидан мумкин аст. Бинобар ин, аксар мардуми корафтода баҳри пардохт намудани ҳаққи хизматрасониҳо маҷбуранд‚ ки даҳҳо километр роҳро тай намуда, соатҳои тӯлонӣ дар навбат истанд.

Мутаассифона, аксари марказҳои савдо бо кортҳои миллӣ хизмат намерасонанд. Аз ин рӯ, бояд роҳбарони ташкилоти қарзӣ бо марказҳои савдо оид ба масъалаи пардохти ғайринақдӣ корбарӣ намоянд ва дар иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» беш аз пеш фаъол бошанд.

22 июни соли 2024 таъҷилӣ ­маблағ лозим шуд. Аввал ба банкомати назди фурӯшгоҳи «Ваҳдат», баъд ба банкоматҳои фурӯшгоҳи «Форс»‚ маркази хизматрасонии назди бозори қисмҳои эҳтиётӣ ва тарабхонаи «Садбарг» рафтам. Мутаассифона, банкоматҳо маблағ надоштанд.

1-уми июли соли равон баҳри интиқоли маблағ ба «Амонатбонк» рафтам‚ ки он ҷо «ҷойи сӯзанпартоӣ» набуд. Мардум барои нафақагирӣ омада, соатҳои тӯлонӣ интизоранд. Аксарият иброз намуданд‚ ки банкоматҳо пул надоранд.

Бо телефон масъулини бонк­ро аз набудани маблағ дар банкоматҳо ва сарсонии мардум огоҳ намудам. Дар ҷавоб иброз дошта шуд‚ ки аз сабаби пул набудан имрӯз фақат тавонистаанд банкоматҳои наздибонкиро бо пул таъмин намоянд. Сониян, маблағҳо пулҳои 200 ва 500-сомона буда, онҳоро бо пулҳои майда иваз намуда, баъдан ба банкоматҳо тақсим мекардаанд.

25-уми июни соли 2024 дар Истаравшан бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон бо номи «Саводнокии молиявӣ» ҳамоиш баргузор гардид. Мутахассисони бонкҳо оид ба фаъолияти бонкӣ ва муваффақиятҳояшон суханронӣ намуданд, аммо дар бораи камбудиҳои ҷойдошта, ки дар боло зикр гардид, умуман сухан гуфта нашуд. Ҳол он ки мушкилот зиёд асту бартарафсозии онҳо вазифаи ­масъулин.

Ҳасани НАРЗУЛЛО‚

вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истаравшан