ҒОНЧӢ. ( Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд намоиш ва фурӯши китобҳои бачагона идома дорад. Дар ин рӯзҳо шоирону нависандагони вилоят бо хонандагони худ мулоқотҳо доир менамоянд. Бино ба иттилои корманди масъули Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ғончӣ Соҳибназари Эгамназар чунин мулоқот ва фурӯши адабиёти бачагона дар ин ноҳия низ ташкил карда шудааст. Дар он шоир Юсуф Аҳмадзода ва нависандаи афсонанавис Азизи Азиз иштирок карда, бо мухлисони худ мулоқот оростанд ва аз навиштаҳои тозаи хеш онҳоро огоҳ намуданд. Мактабиён дар васфи Ватан, Тоҷикистон, Модар, Баҳору Наврӯз шеърҳо қироат карданд.
Фаъолияти иттилоотии мо ҷиҳати ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва нуфузи давлатамон дар арсаи байналмилалӣ бояд бамаротиб беҳтар карда шавад.
Эмомалӣ Раҳмон