Ховалинг. Эъмори беморхона бо харҷи 3,5 млн. доллари ИМА

№92 (4832) 22.07.2024

Беморхонаи Ховалинг — копияДар доираи омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар маркази ноҳияи Ховалинг аз ҷониби Бонки исломии рушд сохтмони бинои нави беморхонаи марказии ноҳия дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Раҳматулло Рабиев, сардухтури беморхонаи марказии ноҳия, иттилоъ дод, ки бинои асосӣ се­ошёна буда, барои 100 кат пешбинӣ шудааст. Дар он барои баромадан ба ошёнаҳои дуюму сеюм лифт низ насб гардидааст.

Фармоишгари иншоот Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон буда, барои эъмори он 3,5 миллион доллари ИМА харҷ гардид. Корҳои сохтмонӣ дар иншоот моҳи августи соли 2022 оғоз гардида, дар он 120 сокини маҳаллӣ ҷалб гардидаанд.

- Миннатдории худ ва кормандони беморхонаи марказии ноҳияи Ховалингро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонем, ки бо дастгириашон барои мо — табибон чунин бинои замонавиро сохтанд, — гуфт сардухтури беморхона Р. Рабиев.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»