Дарки дурусти муҳтавои суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар (30 майи соли 2024) ҳар олиму омӯзгор ва сокини равшанфикри мамлакатро водор месозад, ки баҳри рушди Тоҷикистон рисолати ватандории худро бо садоқат ба Тоҷикистони маҳбуб ва мардуми шарафманди он иҷро намояд.
Дар вохӯрӣ Сарвари давлат вазъи имрӯзаи илму маорифро мӯшикофона баррасӣ намуданд. Нуктаҳое баён ва таъкид гардид, ки ҳар як омӯзгору муҳаққиқ дар фаъолияти тарбиявию эҷодии худ онҳоро бояд сармашқи кор намояд. Хоса, ин таъкиди Пешвои миллатро: «Ба ақидаи ман, идома додани мактаби устоду шогирд дар ҳамаи касбу корҳо ва махсусан дар соҳаи илм, қарзе мебошад, ки онро ҳар як олими собиқадору соҳибтаҷриба дар назди шогирдони худ бояд адо намояд. Фаромӯш набояд кард, ки ин анъана дар таърихи халқи мо собиқаи тӯлонӣ дорад. Мо ҳамеша мегӯем, ки пайванди наслҳоро бояд ҳифз кунем ва идома диҳем».
Роҳбари давлат суханронии худро аз таърихи начандон дур, ибтидои солҳои 1990 оғоз намуда, ёдрас шуданд, ки Тоҷикистон он солҳо дар чӣ ҳол буд ва ҳоло то куҷо расидем. Дар он шароити ниҳоят душвору сангин, пеш аз ҳама, потенсиали илмии олимон нигоҳ дошта шуд. Шоҳидем, ки ибтидои солҳои 90-ум дар бисёр ҷумҳуриҳои собиқ шуравӣ академияҳои илмӣ аз байн бурда шуданд, вале дар Тоҷикистон, новобаста аз душвориҳои сахти иқтисодию молиявӣ ва сиёсию иҷтимоӣ, ин сохтор бо саъю талоши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нигоҳ дошта шуд.
Мулоқоти аввалини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо олимони кишвар 29-уми феврали соли 1996 доир шуда буд. Он замон бисёр олимону аспирантон рӯҳафтода буданд ва нияти тарк кардани ин даргоҳро доштанд, аммо вақте Сарвари давлат масъалаҳои муҳими илмиро ба миён гузоштанд, нақши олимонро дар пешбурди ҳаёти иқтисодию фарҳангии давлати соҳибистиқлол ва иштироки фаъолонаи неруи илмиро дар эъмори давлати миллиамон муҳим арзёбӣ намуданд, ба олимон рӯҳияи нав бахшид. Пешвои миллат фаъолияти Академияи илмҳои ҷумҳуриро арзёбӣ ва чунин таъкид карда буданд: «Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ин оинаест, ки симои интеллектуалӣ, сатҳи маърифату дониш ва тамаддуни ҷомеаи моро инъикос менамояд. Дар ҷомеаи башарӣ ҳар миллату халқеро аз рӯи ҳамин нишондиҳандаҳо, яъне дараҷаи рушди интеллектуалӣ ва маърифату тамаддунаш мешиносанду қадр мекунанд. Ҳар қадар ин оина покизаю беғубор бошад, ба ҳамон андоза симои маънавии миллату давлати мо рӯшантару барҷастатар ба ҷаҳониён ҷилавгар мешавад».
Маҳз, дар ин мулоқот Пешвои миллат таъкид намуданд, ки бидуни инкишофи илму фарҳанг пешрафти ягон давлат имконпазир нест. Худи ҳамон сол фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси «Фонди президентии таҳқиқоти бунёдӣ», «Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аспирантҳои таҳсилоти рӯзона», инчунин, андешидани тадбирҳо оид ба ҳимояи иҷтимоии олимон ва нависандагон ба тасвиб расид. Ин иқдомҳои саривақтӣ ҳавасмандии олимонро ба фаъолияти пурсамар афзун намуда, ҷавононро барои машғул шудан ба корҳои илмӣ дилгарм сохт.
Зикри баъзе мисолҳо далели таваҷҷуҳи давлат ба илму олиму маориф буда метавонад. Масалан, аспирантону докторантони Академияи миллии илмҳо тавонистанд аз ҳисоби буҷети давлат дар мактабҳои олии бонуфузи Россия рисолаҳои илмӣ дифоъ намоянд. Ин анъана имрӯз ҳам идома дорад. Дар навбати худ, раёсати Академияи миллии илмҳои кишвар ҷавононеро, ки пеш аз муҳлат рисолаҳои илмӣ ҳимоя мекунанд, бо мукофотпулӣ ҳавасманд мегардонад, тадриҷан маоши кормандони соҳаҳои илму маориф зиёд мешавад. Умуман, зимни вохӯрии навбатӣ бори дигар дарк намудем, ки то чӣ андоза эътимоди Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба олимону маорифчиён ҳамчун қишри бомаърифати ҷомеа комил аст.
Мавриди зикр аст, ки дигаргунии сиёсию иқтисодие, ки баъди расидан ба истиқлолияти давлатӣ дар мамлакат ба вуҷуд омад, таҳия ва қабули қонунҳо ва асноди нави меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи илм тақозо менамуд. Ҳамин тариқ, ҳуҷҷатҳои зиёди меъёрии ҳуқуқии муҳим вобаста ба соҳаи илм қабул шуд, ки барои рушди илми ватанӣ, маблағгузории таҳқиқоти илмӣ, беҳтар шудани заминаи моддӣ-техникии муассисаҳои илмӣ ва амсоли инҳо мусоидат намуд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» (соли 1998), «Дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ» (соли 2010), «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ» (соли 2012), «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» (соли 2015), «Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ» (соли 2022), «Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» (соли 2021), амру фармоишҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии илм қабул шудаанд, ки гувоҳи ба низоми муосир мутобиқ намудани илми тоҷик, махсусан илми академӣ, мебошад.
Сиёсати давлатии Тоҷикистон дар соҳаи илм ба ҳифзу тараққӣ додани маркази асосии илми тоҷик — Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон равона гардида, илм дар баробари маориф аз самтҳои афзалиятнок дониста шуд. Тағйири сохторие, ки дар Академияи миллии илмҳо тӯли солҳои истиқлолият ба миён омад, барои бомуваффақият иҷро кардани вазифаи илмӣ дар ҷомеа бояд хидмат кунад. Илм дар шароити имрӯза бояд ёвари сохторҳои давлатӣ бошад, ба талабот ва раванди замон мутобиқ шавад. Дастовардҳои илмӣ низ бояд дар ҷомеа истифода гарданд. Ба ин маънӣ Роҳбари давлат таъкид намуданд: «Маҳз илму маориф асоси пешрафти давлат ва раҳоии ҷомеа аз ҳама бадбахтиҳо, аз ҷумла ифротишавӣ, хурофотпарастӣ ва ҷаҳолат аст. Бовар дорам, ки олимони мо чун ҳамеша рисолати худро дар назди миллату давлат бо садоқати баланди ватандорӣ иҷро намуда, дар ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, муқаддасоти миллӣ, таҳкими хотираи таърихию фарҳангии миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи Ватани азизамон – Тоҷикистон саҳми арзишманди худро мегузоранд».
Дар ин суханронӣ Пешвои миллат таъкид намуданд, ки дар замони муосир дониш танҳо хондану навистан нест, балки ҳар як ҷавони тоҷик бояд на камтар аз ду забонро донад ва технологияи компютериро аз худ намояд. Дар ин раванд, барои баланд бардоштани сифати таҳсилот ва таълими фанҳои табиӣ ва риёзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
Яке аз роҳҳои амалӣ шудани супориши Сарвари давлат ҳамкории зичи мақомоти марбута мебошад. Дар ташкилу навистани барномаҳои дарсӣ, китобҳои дарсӣ ҳамкории илму маориф бояд зич бошад, методологияҳои нав пешниҳод гардад.
Ба таври зарурӣ ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои дақиқ, муҳимияти илмҳои ҷомеашиносӣ, тарбияи маънавию ахлоқӣ ва меҳанпарастии ҷомеа, хоса тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, омода намудани кадрҳои илмӣ, беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, аз мавзуъҳои муҳиме буданд, ки дар вохӯрӣ баррасӣ шуданд.
Суханронии Президенти кишварро дар мавзуъҳои зикршуда метавон раҳнамои рушди илму маорифи муосир шумурд. Он метавонад барои ҳар як фарди ҷомеа барномаи амал бошад, зеро имрӯз ҷаҳон ба гирдоби пурхавфи экстремизму терроризм дучор гаштааст, ки зиракии сиёсӣ, тақвияти ҷаҳонбинии илмӣ, ҳамоҳангсозии унсурҳои давлатӣ, шуроҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, аз ҷумла диниро низ барои ташаккули ҳисси ватанпарастии ҷавонон талаб менамояд.
Мо бояд ҷавононро дар рӯҳияи иҷрои қарзи шаҳрвандӣ, уҳдадориҳои конститутсионӣ барои ҳифзи манфиати Ватан тарбия намоем. Рӯҳияи ватанпарастӣ бояд дар асоси арзишҳои баланди миллӣ, холӣ аз ҳар гуна таассубҳои динӣ, дар заминаи анъанаҳои миллӣ ва асосҳои демократию дунявӣ сурат гирад. Тарбияи насли ҷавони миллат, ки барои таъмини якпорчагии кишвар ва эҳтироми таъриху фарҳанг омода бошад, мероси маънавии халқи худро ҳифз созад, оила ва арзишҳои баланди ахлоқиро муқаддас шуморад, кори бағоят муҳим аст. Асоси бунёди чунин рӯҳия, пеш аз ҳама, ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷавонон вобаста мебошад. Бояд гуфт, ки солҳои охир дар байни ҷавонони мо таъсири андешаҳои ифротии динӣ бештар шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аз ин раванд нигаронӣ намуданд. Дин набояд монеи пешрафти ҷомеа гардад. Имрӯз, ки мо дар асри XXI қарор дорем, бояд шуури мардуми худро аз таъсири манфии ифротгароии динӣ ҳифз намоем. Таъкидҳои Президенти муҳтарамамон ҳамеша бар он аст, ки замон дигар шудааст ва барои нигоҳ доштани миллати худ бояд ҳамқадами замона бошем, анъанаҳои фарҳанги миллати хешро барои баланд бардоштани худшиносии миллӣ оқилона истифода барем. Дар замони муосир вазифаҳои ахлоқии дин, ки тозагии зоҳириву ботинии инсон, инсондӯстӣ, эҳтироми калонсолон ва занон, мустаҳкамии асоси оила аст, дар ҷойи аввал қарор гиранд. Талқини ақидаҳои куҳнашудаи асримиёнагӣ дар замони муосир ба пешрафти ягон миллат ва пойдории давлати ӯ мусоидат намекунад. Пешгирии даъватҳои тундравон танҳо аз роҳи илм ва касби донишу ҳунар имконпазир аст. Аз ҳамин ҷиҳат, Сарвари кишвар мунтазам дар бораи баланд бардоштани обрӯи илм дар ҷомеа таъкид менамоянд.
Ҳангоми амалӣ намудани нуктаҳои суханронии Президенти кишвар зиёд намудани соати фанҳое, ки ҷаҳонбинии илмиро васеъ менамоянд, бояд ба назар гирифта шавад. Зиёд кардани соати фанҳои мантиқ, фалсафа, ҷомеашиносӣ, этика, эстетика дар мактабҳои олӣ боиси ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва мафкураи солими ҷавонон мегардад. Саводи кофӣ бештар дар натиҷаи омӯзиш, хондани китоб ба даст меояд. Дар мактабҳои таҳсилоти миёна аллакай хонандаро ба хондани китобҳои фалсафӣ бояд ҷалб намоем, зеро яке аз роҳҳои ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ фикрронии фалсафӣ ва мантиқӣ мебошад. Шахси соҳибмаърифат ҳеҷ гоҳ дунболи хурофоту ифрот намеравад. Дониш боиси васеъ шудани ҷаҳонбинӣ мегардад. Танҳо фалсафаю мантиқ роҳи маърифати ақлгароиро боз мекунанд.
Гузаштагони мо доимо таъкид мекарданд, ки барои як ҷавон чил ҳунар кам аст. Роҳи дигари садди радикализм шудан ҳунаромӯзӣ мебошад. Хушбахтона, бо дастгирии Президенти муҳтарамамон рӯз ба рӯз шумораи мактабҳои махсуси касбӣ зиёд шуда истодааст. Тибқи тағйироту иловае, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бо ташаббуси Президенти кишвар ворид шуд, минбаъд шаҳрвандон уҳдадоранд таълими миёнаи умумиро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ давом диҳанд ва ё мувофиқи хоҳишу қобилияташон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбӣ таҳсил намоянд. Яъне, соҳибкасб шудан вазифаи аввалиндараҷаи ҷавонон бошад. Падару модаронро лозим аст, ки барои соҳибкасб шудани писару духтари хеш кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Шахси соҳибмаърифату соҳибкасб озодии иродаи инсон ва боварии ӯро падидаи олӣ шуморида, ба ҷони инсон қасд намекунад. Бинобар ин, зарур аст, ки ҳар падару модар барои баланд бардоштани ҳисси ватандорӣ ва донишомӯзию касбомӯзии фарзанди худ кӯшиш ба харҷ диҳад. Ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он, ҳимояи амният ва манфиатҳои милливу давлатӣ, устувор гардонидани ваҳдати миллӣ ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеа, инчунин, таъмин намудани рушди иқтисоди кишвар ва беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ дар шароити торафт вусъат пайдо кардани бархӯрди қудратҳои ҷаҳонӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи рукнҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҳар як шаҳрванди ватандӯсту ватанпарвар мебошад.
Насиба СОДИҚӢ,
раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, доктори илмҳои фалсафа, профессор