(Идома аз шумораи №90 (4830) аз 15 июли соли 2024)
Мо одат накардаем, ки ба садои даруни худ гӯш диҳем. Садои мани маҷозиамонро не, садои мани ҳақиқиамонро бишнавем. Бигзоред, ин маъниро ба забони боз ҳам сода аз тариқи як афсона равшан бисозам. Ҳамаи мо афсонаи «Шоҳзода — қурбоққа»-ро шунидаем. Ҷодугаре шоҳзодаеро ба қурбоққа табдил дода, ба ҷангали пур аз ботлоқе меафканад. Шарти шикастани сеҳр ва дубора ба сурати одамӣ баргаштани шоҳзода он аст, ки шоҳдухтаре ба он ҷангал биёяд, қурбоққаро рӯи даст бигирад ва аз лабонаш бибӯсад. Шоҳдухтаре ҳам, ки дар интизори шоҳзодаи зебою шуҷое буд, рӯзе ба он ҷангал меояд ва бо қурбоққа вомехӯраду баъд аз шунидани қиссаи он махлуқи ба назар зишт ҷуръат пайдо карда, ӯро мебӯсад. Шоҳзодаи тилисмшуда ба сурати аввалаи худ бармегардад, онҳо бо ҳам издивоҷ ва то охири умр шоду масрур зиндагӣ мекунанд.
Албатта, бо шунидани ин афсона фикр мекунед, ки он дурӯғи зебоест ва ҳеҷ инсоне ба қурбоққа мубаддал намегардаду бо бӯсае ҳам дубора одам намешавад. Аммо ин афсона ба мо, инсонҳо, паём медиҳад. Қурбоққа, ки махлуқи зиште аст, дар обҳои истодаю бадбӯй зиндагӣ мекунад. Мо ҳам, ки худро нашнохтем, ба бероҳа рафтем, дар дилҳоямон кинаю буғзу адоват парваридем, шабеҳи ҳамон қурбоққа мешавем. Садоямон нохушоянд мегардад, зистгоҳамон, ки ҳамин бадани мост, мегандаду бӯи бад медиҳад. Вақте мо ба садои даруни худ гӯш додем, кӣ будан ва рисолати хешро эҳсос намудем, он қурбоққаро мешиносем ва онро аз даруни худ ба берун меандозем. Кина, буғз, адоват, душманӣ, дурӯғ, макр, найранг…, ки ҳамон қурбоққа аст, аз мо дур мегардад. Оби вуҷуди мо босафо ва дилҳоямон поку мубарро мешавад. Пас аз ин мо ҳақиқати худро қадам ба қадам дарк месозем, ба ишқ зинда мешавем ва роҳи камолу ҷамоли худро мепаймоем.
Мо аз назари биологӣ аз махлуқоти дигар фарқе надорем. Дасту пою гӯшу чашм ва даҳону биниро онҳо низ доранд. Масалан, як ҳамдуна мисли мо мехӯрад, менӯшад, бача ба дунё меорад, онро парвариш мекунад ва тариқи зиндагӣ карданро ба вай меомӯзад. Аммо одамизода аз назари ақлӣ дорои тавоноӣ ва истеъдоде ҳаст, ки ба ӯ шарофат мебахшад. Инсон метавонад бо сайри маънавӣ ба розҳои ин олами пурасрор бирасад. Бо дониши андӯхтааш корҳоеро анҷом диҳад, ки ҳеҷ махлуқи дигар он корро карда наметавонад.
Мо, инсонҳо, ҳаққи ихтиёр, яъне ҳаққи интихоб дорем. Дар ин ихтиёр бояд амонатро ҳифз кунем. Ихтиёр доштан ба он маънӣ нест, ки ҳар кори зиште диламон хост, анҷом диҳему бигӯем, ки мо соҳибихтиёр ҳастем. Дар корхонаи табиат ҳар ҷонвар, гулу гиёҳ рисолати мушаххас доранд. Ҳеҷ кадоми онҳо муқобили табиати худ амал намекунанд, аммо ин одамизода аст, ки гоҳе ҳатто аз ҳадди ихтиёр берун меравад.
Дар ихтиёри худ буданро агар ба таври сода шарҳ диҳем, ба он маъност, ки ман кори зиштро анҷом намедиҳам, чунки дар ихтиёри худам ҳастам. Ман роҳи бадро интихоб намекунам, касеро озор намедиҳам, душманӣ намеварзам, найрангбозӣ намекунам, чаро ки ин корҳо шоистаи мани инсон нест. Барои анҷом додани чунин корҳои паст ба ман ихтиёру озодӣ надодаанд.
Чӣ гуна шод шавад андаруни ғамгинам,
Ба ихтиёр, ки аз ихтиёр берун аст.
Ё:
Чун зулфи Лайлӣ аз ду ҷаҳон кардам ихтиёр,
Маҷнунам, ар зи даст диҳам ихтиёри хеш.
Ман, ки аз моли ду ҷаҳон ишқро интихоб кардаам, агар ин ишқро аз даст диҳам, пас, девонае беш нестам. Воқеан ҳам, хубию саодатро ба пастию разолат иваз намудан девонагист. Ин гуна ихтиёрдорӣ рисолати инсонии моро ифода намекунад. Ишқ аст, ки вақте ба суроғи мо меояд, дигар ҷое барои интихоб боқӣ намегузорад. Маҷнун ё девона касест, ки ҷуз маъшуқ чизе надорад, ҳама ишқ асту нур, ҳама файз асту баракат.
Эй, Ироқӣ, ту ихтиёр макун,
Он, ки беҳ бувад, ихтиёр бувад.
Набояд фаромӯш созем, ки мо бори амонати бузурге бар дӯш дорем. Ҳамон амонате, ки осмонҳою кӯҳҳо тавони бардоштанашро надоштанд, вале мо онро пазируфтем. Ин қудрату ҷуръатро аз куҷо пайдо кардем? Аз он ҷо, ки рӯҳи Офаридгор дар мо дамида шудааст. Халлоқият дар вуҷуди мо ҷараён дорад. Мо ҳаққи аз рисолати инсонии хеш рӯ гардонданро надорем. Ғафлат кардан баробар ба мурдан аст. Агар ғафлат кардем, каромату шарофатамон аз байн меравад, наметавонем амонатдор бошем. Саъдӣ Шерозӣ мефармояд:
Бархез, то ба аҳди амонат вафо кунем,
Тақсирҳои рафта ба хидмат қазо кунем…
Чун бартарин мақоми малак дуни қадри мост,
Чандин ба дасти дев забунӣ чаро кунем?
Тамоми омӯзаҳои бузургони шеъру ирфонамон моро ба сӯи камол уруҷ медиҳанд. Ба мо мегӯянд, ки огоҳу бедордил бошем. Таъкиди устод Рӯдакӣ: «Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад» ба мо меомӯзад, ки таҷрибаи рӯзгор, гардишҳои замонию маконии ин ҷаҳони пур аз тазодро бишносем. Чашми ҷаҳонбин дошта бошем, чашме, ки сиёҳро аз сафед, сурхро аз сабз фарқ кунад ва моро ба масири дуруст ҳидоят созад. Ин дунё мисли баҳрест, ки мо танҳо бо киштии накукорӣ онро убур карда метавонем. Агар он киштиро, ки худи мо ҳастем, аз бадиҳо пур кунем, ғарқ мешавем, нобуд мегардем.
Ба ҷуз чашми ҷаҳонбин доштани чашми ҷонбин низ хеле муҳим аст, ки ба ботини мо менигарад, моро аз дарун ба мо мешиносонад. Ҳақиқати моро ба мо нишон медиҳад. Маънавияти моро ошкор месозад. Чун мо ба маърифати худӣ расидем, даричаҳои маърифати олам ба рӯямон боз мешаванд. Дар бораи чашми ҷаҳонбин, ки нозир ба ҷаҳон аст, дар поёнтар суҳбат мекунем. Ҳофизи Шерозӣ дар ғазале мегӯяд:
Дидани рӯи туро дидаи ҷонбин бояд,
В-ин куҷо мартабаи чашми ҷаҳонбини ман аст.
Ҳар инсоне як сармоя, кони ганҷе пур аз дурру гавҳар аст. Яке аз гавҳарҳое, ки дар сиришти инсон ҷой дорад ва мисли чароғе вуҷуди ӯро равшан месозад, ақл аст. Одамон бо доштани хонаи бошукӯҳ, мошини хуб, ҷои кори нағз мефахранд, аммо дидаед инсонеро, ки бо доштани ақл нозидааст? Дар бораи то чӣ андоза аз ин гавҳари қимат баҳра бурдан фикр кардааст?
Марде ҳамеша дар талаби ганҷ буд, вале онро аз ҷое пайдо намекард. Ба даргоҳи Худованд дуо кард, то роҳи ганҷро ба ӯ бинмояд. Он шаб хоб дид, ки пире ба ӯ гуфт:
- Тирро ба камон гузор, ба ҳар ҷое, ки афтид, ганҷ дар ҳамон ҷост.
Мард хушнуд аз хоб бархост ва камонро гирифту аз хона берун шуд. Тиреро дар он гузошту бо тамоми қувват кашиду сар дод. Сипас, ба ҷои афтодаи тир рафт, хоки заминро ғалбер кард, вале ганҷе наёфт. Ноумед шом ба хона баргашт. Шаб дар хоб боз ҳамон пирро дид. Гила кард, ки маро фиреб додӣ, тирро ба камон гузоштаму бо тамоми қувват кашида раҳо сохтам, вале ҷои афтодаи он ганҷе набуд. Пир табассуме карду гуфт:
- Эй, нодон, ман гуфтам тирро дар камон бинеҳ, ҳар ҷо ки афтид, ганҷ ҳамон ҷост. Кай гуфтам онро дар камон гузору бикаш ва аз худ дур бияндоз.
Яъне, ганҷ худи ту ҳастӣ. Умре ба ҷустуҷӯи он гирди ҷаҳон мегардӣ, вале хабар надорӣ, ки ганҷи дунё дар ту нуҳуфта аст.
Чун надорӣ ҷони маънӣ, маънии ҷонро чӣ донӣ,
Чун надидӣ кони гавҳар гавҳари конро чӣ донӣ.
Ҳар кӣ ӯ гавҳар шиносад, қимати ҷавҳар шиносад,
Гавҳари конро надида, ҷавҳари ҷонро чӣ донӣ.
Дар бехабарӣ зистан сахт аст. Бехабарӣ торикист. Дар торикӣ инсон роҳи худро гум мекунад, ранҷҳо мекашад, вале ба ҷое намерасад. Оё мешавад дар торикӣ ганҷе бошад ва мо бо чашмони нобино онро ҷустуҷӯ кунему ёбем? Намешавад! Дар торикӣ ганҷе нест ва он ҷои мо ҳам нест. Аммо гоҳе шайтон — ҳамон мане, ки худро дар мо месозад ва асли моро рад мекунад, ба мо роҳ нишон медиҳад. Мо ҳам ба ӯ гӯш медиҳем, маслиҳати ӯро меписандем ва меравем ба торикиҳою роҳи бозгаштро фаромӯш месозем. Дар он дунёи торик инсонияти худро гум мекунем. Он ҷо чоҳҳое аз ғайбат, дурӯғ, риё, адоват ва бадиҳои дигаре вуҷуд доранд, ки ба онҳо меафтем ва роҳи бозгашти худро ба равшанӣ душвортар мегардонем. Гоҳи дигар фикр мекунем, ки зиндагӣ ҳамин торикист ва тамоми умр дар ғафлату бехабарӣ ҳаётамонро барбод медиҳем.
Фаромӯш накунем, ки зиндагии моро боварҳоямон месозанд. Агар мо дар торикии ҷаҳл мондаему ҳатто роҳи баромадан аз он зулмотро намедонем, шубҳаю гумонҳо, андешаҳои номатлуб мисли гургҳои гурусна мағзи моро пора-пора мекунанд. Ҳар гоҳе ки мушкиле бароямон пеш меояд, фикр мекунем, ки онро дигарон бароямон эҷод кардаанд. Ҳеҷ гоҳ андешида наметавонем, ки худи мо кӯр ҳастем, дар торикии ҷаҳолат монда, чизеро намебинем, ба санге пешпо мехӯрему мегӯем бо айби фалонӣ ин кор шуд.
Торикистонеро тасаввур кунед, ки дар он одамони зиёде зиндагӣ мекунанд. Онҳо худрою дигаронро ба дурустӣ намебинанд. Ҳар гоҳе ба ҳамдигар бармехӯранд, ба даруни оби гандидае меафтанд, ба бероҳ мераванд, ба сари ҳамдигар дод мезананд, ҳамеша норозӣ ҳастанд, дашном медиҳанд, шикоят мекунанд. Хулоса, аз он торикистон фақат садои ғавғо меояд, он ҷо оромише вуҷуд надорад. Агар чунин аст, оё зиндагӣ дар торикӣ арзише дорад? Ҳаргиз надорад! Пас, худро аз он торикӣ бояд берун орем. Мо аз сарзамини нур омадаем, рисолатамон он аст, ки дубора ба сӯи нур баргардем.
Бадани мо хонаи мост, хонае, ки барои шод зистан, зебоиҳоро дидан, хубиҳоро дарк кардан тамоми василаро дорад. Ин хонаро поку тамиз нигоҳ доштан, аз он ба таври шоиста истифода бурдан бароямон фарз аст. Дар вуҷуди мо ганҷинае пинҳон аст, ки агар онро пайдо кунем, ҳайратзада мешавем. Он гоҳ мебинем, ки мо чӣ қадар сармояи бузург дорем, ҳамон дороие, ки дар тасаввурамон намеғунҷад. Он ганҷина ба мо мегӯяд инсон будан чӣ қадар хубу инсон зистан бузургтарин саодат аст.
Худованд дар Қуръони маҷид мефармояд: «Ба ростӣ, мо фарзандони одамро гиромӣ доштем ва ононро дар хушкию дарё (бар маркабҳо) барнишондем ва аз чизҳои покиза ба эшон рӯзӣ додем ва онҳоро бар бисёре аз офаридаҳои худ бартарии ошкор додем».
Дар ин омӯзаи Қуръон чор нуктаи муҳим таъкид шудааст:
- гиромӣ доштани фарзандони одам;
- дар хушкию дарё барнишондани онҳо;
- аз чизҳои покиза рӯзӣ додан;
- бартарии ошкор бахшидан нисбат ба офаридаҳо.
Ин чор нукта чор асли муҳим аст, ки ҳар касе онҳоро дарк бисозад, ба ҳақиқати худ мерасад, мақоми хешро дармеёбад. Шинохти ин чор асл ба одамизода иҷозат намедиҳад, ки ба роҳи каҷ биравад ва рисолати худро фаромӯш бисозад. Танҳо одами ҷоҳил ва ноогоҳ ба инҳироф меравад. Хосияти ҷаҳолат ва бехабарӣ он аст, ки одамиро ба марг маҳкум мекунад. Яъне, тамоми сифатҳои инсониро маҳв месозад, дилро нобуд менамояд ва одамизодаро ба пастию фурӯмоягӣ мекашад.
Муҳаммад Иқбол таъкид кардааст:
Мирад андар синааш ақли салим,
Дар нигоҳи ӯ каҷ ояд мустақим.
Мисли он ки дарахтро офатҳое хушк мекунад, мо — одамонро низ офатҳое аз байн мебаранд. Ҷаҳолат, бехабарӣ, нодонӣ, бадбинӣ, бадандешӣ, золимӣ, фасод, дурӯғ, кина… офатҳое ҳастанд, ки мисли кирм дарахти зиндагии моро мехӯранд ва чароғи ишқро дар вуҷуди мо хомӯш месозанд. Файзи Кошонӣ ин ҳақиқатро кашф мекунад ва роҳи наҷотро ҳам нишон медиҳад:
Тариқи аҳли ҷадал ҷумла офат асту илал,
Раҳи саломат қалби салим медонад.
Дили салим, яъне дили ҳақбин, покбин, нуронӣ. Диле, ки торик нест, равшан аст. Дар он бадӣ, ки ҳамон сиёҳист, вуҷуд надорад. Ин дил ҳамонест, ки мисли об пайваста худро пок мекунад, намегузорад кинаю адоват дар вуҷудаш роҳ ёбад. Ин дил ҳарими ишқ аст, ҳамеша бо неруҳои аҳриманӣ мубориза мебарад.
Дил бемор ҳам мешавад. Вақте торикӣ ба он роҳ меёбад, вақте ҷаҳолат мисли заҳрпечак ба дарахти муҳаббат мепачад, вақте кинаю адоват боғи дилро тороҷ мекунад. Устод Рӯдакӣ мефармояд:
Бо дили пок маро ҷомаи нопок равост,
Бад мар онро, ки дилу дида палид асту пилишт.
Оре, дили палиду пилишт (нопоку олуда) меҳвари бадиҳо мегардад. Ин гуна дили беморро метавон табобат кард. Мо бояд ёд бигирем, ба амри бадиҳо, ки ҳамон Шайтон аст, Не (!) бигӯем. Даст аз ғайбат, дурӯғ, бӯҳтон, бадбинӣ… бардорем. Вақте ин гуна сифатҳо аз дили мо берун мешавад, дил солим гашта, хонаи хубиҳо, зебоиҳо ва некӯиҳо мегардад. Саъдӣ Шерозӣ таъкид мекунад:
Дил агар пок бувад, хонаи нопок чӣ бок?
Сар чу бемағз бувад, нағзии дастор чӣ суд?!
Аз ин рӯ, муҳим аст, ки зина ба зина ба сӯи камоли худ қадам занем. Аввал бар дили худ, ба хонадони худ, сипас, ба деҳу шаҳру кишварамон оромиш орем. Ишқро, меҳрро, табассумро, саломро фаромӯш насозем.
ВОРИС,
«Садои мардум»