Барқияҳои табрикӣ

№128 (3274) 01.11.2014

Бисту нуҳуми октябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Дилма Вана Руссеф барқияи табрикӣ фиристод, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Хонуми Олиҷоҳ!

Сарфарозам Шуморо ба муносибати пирӯз шуданатон дар интихоботи президентии кишваратон ва муҷаддадан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия интихоб гардиданатон сидқан табрику таҳният намоям.

Умедворам, ки дар давраи нави роҳбарии Шумо бо саъю кӯшишҳои дуҷониба муносибатҳои ду давлат дар ояндаи наздик боз ҳам рушд хоҳанд ёфт.

Бо истифода аз фурсат, ба Шумо, Хонуми Олиҷоҳ, сиҳатмандии комилу саодат ва дар ин мақоми волои сарварӣ комёбиҳои нав ба навро баҳри пешрафт ва шукуфоии бештари Бразилия орзумандам».

***

Бисту нуҳуми октябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи табрикӣ фиристод, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Ифтихор дорам, ки, Ҷаноби Олӣ, ҳукумат ва мардуми дӯсти Туркияро ба муносибати солгарди Ҷашни миллии кишвар табрик ва таҳният гӯям.

Тоҷикистон ба сатҳи имрӯзаи равобит ва муносибатҳои анъанавии дӯстонаи ҳар ду кишвар баҳои баланд дода, ҷонибдори таҳкиму густариши ҳар чӣ бештари онҳо буда, муҷаддадан таъкид менамояд, ки дар ин самт тамоми имкониятҳои мавҷударо мавриди истифода қарор хоҳад дод.

Умедворам, ки бо саъю кӯшиши муштарак мо метавонем мундариҷаи ин равобитро ғанитар гардонида, сатҳи онро болотар бибарем.

Ба бародари азизам, ҷаноби Президент, бурдборӣ, муваффақият ва пирӯзиҳои нав ба нав, ба мардум ва ба кишвари дӯсти Туркия сулҳу субот ва пешравиҳо орзумандам».

***

Бисту нуҳуми октябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан барқияи табрикӣ фиристод, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Табрикоти самимии маро ба муносибати фарорасии Иди миллии Ҷумҳурии Чехия қабул фармоед.

Тоҷикистон мисли пешин хоҳони пешрафт ва шукуфоии кишвари дӯсти Чехия ва ҷонибдори рушди рӯзафзуни ҳамкориҳои васеъ ва мутақобилан судманд бо кишвари Шумо мебошад.

Мо дар оянда низ аз тамоми имкониятҳо ва захираҳо дар ҳама соҳаҳо ва арсаҳои ҳамкорӣ истифодаи матлуб хоҳем намуд. Итминон дорем, ки сафари қарибулвуқӯи Шумо ба Тоҷикистон ба ин раванд такони тозае хоҳад бахшид.

Дар ин рӯзи саид ба ҷаноби Президент сиҳату саломатӣ, комёбиву муваффақиятҳои рӯзафзун ва ба мардуми дӯсти Чехия пешрафту шукуфоӣ ва саодату некрӯзӣ таманно дорам».

www.president.tj