Кишоварзони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ соли дуюм аст, ки парвариши тарбузи зард ва сиёҳи бедонаро ба роҳ мондаанд.
Ба иттилои сардори Сарраёсати кишоварзии ноҳияи мазкур Ҷамолиддин Ғуломов, соли равон дар деҳоти «Золи Зар»-и ноҳия дар 18 гектар парвариши тарбузи зард ва сиёҳи бедона ба роҳ монда шудааст.
Кишти тарбузи зард ва сиёҳи бедона дар ин ноҳия бо мақсади содирот роҳандозӣ гардидааст. Аллакай 330 тонна ҳосил ҷамъоварӣ гардида, ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба Федератсияи Россия, содирот гардид.
- Кишоварзони ноҳия соли гузашта аз ин навъи полезӣ ба хориҷи кишвар, аз қабили Федератсияи Россия ва Беларус, 445 тонна содирот карда буданд. Имсол нақша аст, ки ин нишондиҳандаро ба 600 тонна расонем, — гуфт Ҷ. Ғуломов.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»