Мактаб-интернат дорои шароити хуби таълимист

№93 (4833) 26.07.2024

20240521_100455Мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастори ба номи Раҳмон Шукури деҳоти «Танобчӣ»-и ноҳияи Темурмалик аз соли 1933 фаъолият дошта, аз зумраи он муассисаҳоест, ки дар таълиму тарбияи кӯдакони ятиму бепарастор нақши созгор дорад.

- Солҳои пешин шароити таълиму тарбия хуб набуд, муассиса дар бинои куҳна фаъолият мекарду ҷойи нишаст ва шароити ба талаботи замон ҷавобгӯ на­дошт. Хушбахтона, имрӯз ба шарофати соҳиб­истиқлолии мамлакат ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки нисбат ба ятимон таваҷҷуҳи махсус доранд, мактаб-интернат соҳиби бинои наву замонавии бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз ва хобгоҳи алоҳида гардид, — гуфт директори мактаб — интернат Муҳаммадҷон Умаров.

Мактаб-интернат аз се ошёна иборат буда, дорои 11 синфхонаи таълимӣ ва бо ҷиҳози хониш таъмин мебошад. Он барои 240 ҷойи нишаст ва хобгоҳ барои 150 тарбиятгиранда сохта шудааст.

Алҳол дар мактаб-интернати мазкур 101 тарбиятгиранда ба таълим фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо 16 омӯзгори соҳибтахассус таълим медиҳанд. Дар ин таълимгоҳ тарбиятгирандагон аз ноҳияҳои Темурмалик, Восеъ, Балҷувон, Фархор, Ҳамадонӣ, Данғара, ­Муъминобод, Вахш, шаҳри Кӯлоб ва шаҳри Душанбе ба таълим фаро гирифта шудаанд.

Директори муассиса дар идомаи суҳбат изҳор дошт, ки муассисаро Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии но­ҳияи Темурмалик, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, соҳибкорони саховатпеша ва корхонаи «Тоҷикаэронавигатсия» сарпарастӣ ва дастгирӣ менамоянд. Соҳибкорони маҳаллӣ низ мудом аз аҳволи тарбиятгирандагон хабардор шуда, ба мактаб-интернат маводи ғизоӣ меоранд.

Мактаб-интернат дорои 35 компютер буда, дар он кабинетҳои фаннии технологияи информатсионӣ, химия, физика ва забони русӣ амал менамоянд.

И. РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»