Абдулқодири Раҳим аз зумраи адибони хушсалиқа ва навҷӯи мост. Нигоштаҳои ӯ дар тамоми жанрҳои адабӣ бо мазмун ва сабку услуби хос фарқ мекунанд. Хонанда ба китобҳои вай, аз ҷумла «Чароғи ошноӣ», «Дурӯғи шабнам», «Духтари афсонаҳо» ва ғайра, ошно гашта, пай мебарад, ки ӯ эҷоди шеъру ҳикояро ҳамқисмати худ донистааст. Хусусан, дар наср Абдулқодири Раҳим пайроҳаи худро дошта, то ин дам асарҳои ҷолиб, мисли қиссаву ҳикоёти «Дарди сар», «Ало, таксӣ», «Себ», «Раҳоӣ», «Қарз», «Беинсофӣ»-ро пешниҳоди хонанда намудааст.
Чанде пеш романи нави адиб бо номи «Падар» аз нашр баромад, ки онро метавон дастоварди муҳими ӯ дар офариниши асари калонҳаҷми бадеӣ номид. Романи нави нависанда пур аз рамзу андеша, розу ниёз аст. Олами андешаҳои муаллиф бисёр жарф буда, асрори оламу одамро дар симои падар пеши рӯи мо мекушояд. «Падар» баёни фалсафаи зиндагӣ ва тасвири ҳақиқати ботину ҷаҳони пуршебу фарози падар аст. Роман бо чунин тасвири зебо оғоз меёбад: «Падарам мегуфт, ки мард бош, пеши чун худе сар хам макун, ту охир одамизодаӣ, ризқ аз ҷониби Аллоҳ аст, касе онро аз ту гирифта наметавонад. Иззату обрӯро низ, бар ҳар кӣ бихоҳад ӯ, медиҳад. Ба покӣ ҳамеша рӯ биёрӣ. Пок бихӯр, пок бизӣ». Албатта, ҳар асари навро ҷузъиёту тасвир ҷолибу хонданӣ мекунад. Абдулқодири Раҳим бо рамзу андешаҳои бикр таъкид мекунад, ки дунёи падарро бояд донист ва аз падар омӯхт.
Сарнавишти писарак бо падар аз мактабу китоб оғоз меёбад: «Маро ба ин ҷо, ба ин мактаб, падарам меорад. Ҷойи нишастанамро мебинад. Омӯзгор эълон менамояд, ки минбаъд ӯ, яъне ман, ҳамроҳи шумо таҳсил мекунад. Бачаи доно аст, бо шумо зуд унс мегирад. Падарам меравад ва ман баъди соате аз мактаб мегурезам, ба ҷустуҷӯи ӯ мебароям. Роҳи ба падарам расиданро намедонам. Мегирям, бо алам мегирям, ҳам аз тарс ва ҳам аз гум кардани падарам»…
Тасвири олами ботини қаҳрамони асар аз адиб маҳорату истеъдоди амиқро талаб мекунад. Аз ин ҷиҳат муаллиф дар тасвири олами ботинии падар муваффақ шудааст. Ӯ дар равшанӣ, зулмот падарро мебинад ва меҳру навозиши қиблагоҳро ҳис мекунад, зеро падар достони нонавиштаи писар аст: «Оҳ, ман падарамро мебинам, дар миёни сад оҳ. Ба абрҳои сафед монанданд ин ҳама оҳ. Не, ба зоҳир, ба рӯ сафеданд, дар дилашон сиёҳиҳост, сиёҳиҳои абрӣ, на мисли дили лола. Аз ин ду ранги сиёҳу сафед ба ҷустуҷӯи борону офтоб меафтам, борону офтоби дилу чашми худ.
- Беҳуда меҷӯӣ. Дигар ашк надорӣ, оби чашм надорӣ ва офтобат чанд соате пештар ғуруб кард. Рӯ ба шарқ маёр, дигар аз он сӯ рух наменамояд, лабханд намезанад, нурат намебахшад, гармият намедиҳад»…
Ҷустуҷӯҳо барои расидан ба дунёи хеш ва тасвиру мушоҳидаҳои зебо романи «Падар»-ро боз ҳам ҷолиб намудааст. Адиб тавонистааст бо эҷоди як силсила бархӯрду муколама ва зикри андешаҳои воло симои падарро кушояд: «Падарам ба хотирам мерасад, ки дар миёни оташу дуд ба сӯи ман меомад. Падар, падарҷон — мегӯям ва худро дар миёни оташу дуд мезанам. Оташу дуд ба чаману ҳавои беғубори баъди борон табдил меёбанд. Модарамро мебинам, ки дар чакдону дегдон оташ меафрӯзад. Бояд кулча бипазаду суманак»…
Абдулқодири Раҳим дар романи нави худ пургӯӣ намекунад, ӯ ҳар лаҳза аз падар, асрори зиндагӣ ва розҳои он ҳарф мезанад. Агар ба тасвири муаллиф дар мавриди хазону баҳор ва табдили рангҳо диққат диҳед, ӯ аз тамоми санъатҳои бадеӣ моҳирона истифода намуда, симо ва панду ҳикматҳоеро, ки умри ҳазорсола доранд, дар роман ба хонанда мерасонад. Абдулқодири Раҳим пажӯҳишгар ва тасвиргари беҳамтои олами ботинии инсонҳост. Ӯ менигорад, ки инсон то дами вопасин аз қиблагоҳ — падар қарздор аст ва бояд дуои падарро бигирад: «Падар, ин дарё, дарёи бепаҳно, монеаи омаданам шудааст. Аз он ҷо, аз теппаи гӯристон маро мешунавӣ, маро мебинӣ? Бубину бишунав. Аз ту чизе намехоҳам, ҷуз ин ки гуноҳамро бубахшӣ».
Дар роман тасвири ҳолати падар ва манзараҳои аҷиб бо забони шевою равон басо боварибахш қаламдод гардидаанд. Дар тасвири Абдулқодири Раҳим дарё, долу дарахт ва умуман, табиати афсонавӣ мавқеи хос доранд. Тасвирҳо мисли шеър оҳанг доранд, ба дарди хонанда мехӯранд. Поёни роман низ бо тасвири дарё анҷом меёбад, ки ин, албатта, бесабаб нест, зеро дарё дар ҳама давру замонҳо ифшогари розҳо буда, ташнагонро ҳаёту замини ташналабро умри тоза мебахшад: «Эҳсос мекунам, ки гӯрҳои падару модарам ва он ҳафт бародарам ба ман менигаранд, бо дархости имдод. Эҳсос мекунам, ки ҳамин ҳолӣ аз аҷзу нотавонӣ ашк мешавам ва ба дарё мепайвандам».
Дар китоби «Падар» ҳикоя ва мақолаҳои ҷолибу хондании дигари Абдулқодири Раҳим, ба монанди «Росту дурӯғ», «Китобчаи гумшудаи С. Айнӣ», «Китобдорию китобхонӣ», «Модар», «Аз пиндор то ҳақиқат», «Мо ба фалак меравем» ва ғайра, низ гирд оварда шудаанд, ки аҳамияти тарбиявӣ доранд.
Маҷид САЛИМ,
нависанда, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ