Давлатзода Қудрат Қамбар, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ, дар посух ба саволи хабарнигори рӯзнома фаъолияти парки технологии донишгоҳро назаррас арзёбӣ намуд. Гуфт, ки дар парк барои озмоишгоҳҳои фанни физикаи мактабҳои миёна ва донишгоҳу донишкадаҳо таҷҳизот сохта мешавад. Бо назардошти он ки донишгоҳ пояи моддӣ-техникии пурқувват дар самти нақлиётро дорад, курсҳои ронандагӣ ба роҳ монда шудааст. Ин муддат 150 корманди ҶСК «Азот» ба бозомӯзӣ ҷалб шуданд.
Корҳои озмоишӣ яке аз самтҳои муҳим ва муфиди фаъолияти парк арзёбӣ шуд. Дар парк озмоишгоҳ мавҷуд аст, ки аз аккредитатсия давлатӣ гузаштааст ва дар он 25 намуди маҳсулоти сохтмонӣ ташхис мешаванд.
- Нақша дорем аз моҳи сентябр дар парк васлу насби ҳисобкунакҳои биллингиро ба роҳ монем, — афзуд ректори донишгоҳ.
Масъулони донишгоҳ имсол намояндагони 100 корхонаро ба донишгоҳ даъват карданд, то бо хатмкунандагон мулоқот намоянд. Охири соли таҳсил 95 корхона ба донишгоҳ ҷойи кори холӣ пешниҳод намуда, 1200 хатмкарда бо ҷойи кор таъмин шуданд.
Як омӯзгори ҷавон ва ду магистранти донишгоҳ барои саҳми назаррас дар рушди илму техника ба дарёфти Ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон мушарраф гардиданд.
Таъсиси факултети нав — технологияи химиявӣ ва металлургия, барои ихтироъ соҳиби патент шудани устодону донишҷӯён, ҳимояи рисолаи номзадӣ аз ҷониби 7 нафар аз дастовардҳои дигари донишгоҳ дар нимсолаи аввали соли сипаришуда арзёбӣ гардид.
Ф. ФАЙЗАЛиева,
«Садои мардум»