Аз нишастҳои матбуотӣ

Саҳми ширкати ватанӣ дар интиқоли мусофирон бештар аст

№94 (4834) 29.07.2024

ФУРУДГОХ (2)- Дар нимсолаи якуми соли 2024 аз фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикис­тон ба кишварҳои хориҷи дуру наздик ҶДММ «Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр» ва 12 ширкати хориҷӣ («Ют Эйр», «Уральские авиалинии», «Северный ветер», «Сибирь-S7» ва «Ямал»-и Федератсияи Россия, «Эйр Астана»-и Ҷумҳурии Қазоқистон, «Ӯзбекистон ҳаво йуллари»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон, «Флай Дубай»-и Амороти Муттаҳидаи Араб, «Туркиш Эйрлайнз»-и Ҷумҳурии Туркия, «Вориш Эйрлайнз»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон, «Ҷазира Эйрвейз»-и Давлати Қувайт) парвозҳои мунтазамро иҷро намудаанд, — қайд кард директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Ҳабибулло Назарзода зимни нишасти матбуотӣ 24-уми июли соли 2024.

Маълум гардид, ки дар нимсолаи якуми соли 2024 фурудгоҳҳои кишвар ба 1 млн. 667 ҳазору 900 мусофир хизмат расонидаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35 ҳазору 800 нафар ё 36 дарсад кам мебошад. Шумораи хатсайрҳо низ дар қиёс ба нимсолаи якуми соли гузашта 238 адад ё 2,3 дарсад кам аст.

Дар ин давра хатсайрҳои хизматрасонидашуда 4070 ададро ташкил дод, ки аз ин 3839 хатсайри мунтазам ва 231 хатсайри чартерӣ мебошад.

ҶДММ «Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр» дар нимсолаи якуми соли 2024-ум 482 ҳазору 500 мусофир интиқол додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 122 ҳазору 550 мусофир ё 34,1 дарсад зиёд мебошад. Теъдоди мусофирон дар хатсайрҳои дохилӣ 60 ҳазору 410 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15 ҳазору 400 нафар ё 34,2 дарсад зиёд аст. Лозим ба ёдоварист, ки ҶДММ «Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр» дар нимсолаи якуми соли 2024 парвозҳои мунтазам ва транзитиро ба Туркия, Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Эрон, Федератсияи Россия, Қазоқистон, Чин, Олмон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон иҷро намуда, интиқоли 60 фоизи мусофирон ба Федератсияи Россия низ аз ҷониби ин ширкат амалӣ шудааст.

Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,

«Садои мардум»