Омӯзиши геологӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ аз рӯи 29 лоиҳа ба маблағи 6 042 845,0 сомонӣ дар объектҳои металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир, сангҳои худҷило ва ороишӣ, гидрогеология, геологияи муҳандисӣ ва геоэкология ба роҳ монда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 802 860 сомонӣ зиёд аст, — иброз намуд сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода зимни нишасти матбуотӣ 23-юми июли соли равон.
Тибқи иттилои ӯ, дар ин давра бо 60 ширкат шартномаи истифодаи захираҳои табиӣ ба имзо расида, мушоҳидаи реҷавӣ дар 72 обанбор ва мушоҳидаҳои такрорӣ дар 108 обанбори шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Ваҳдат, Турсунзода, Бохтар ва Левакант, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Файзобод, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор, Панҷ, Носири Хусрав, Дӯстӣ, Шаҳритус, Қубодиён, Ҷалолиддини Балхӣ, Вахш ва Кӯшониён амалӣ ва 40 маҳаки об барои гузаронидани ташхиси кимиёвӣ гирифта шуд. Илова бар ин, дар дарёҳои Сир ва Зарафшон мушоҳидаҳои такрорӣ гузаронида, дар заминаи 124 маҳак таркиби химиявии обҳо муътадил арзёбӣ шуданд.
Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,
«Садои мардум»