Аз нишастҳои матбуотӣ

Шумораи занон дар хизмати давлатӣ афзудааст

№94 (4834) 29.07.2024

CTX_3739++- Мувофиқи қоидаҳои гузаронидани санҷиши фаъолияти мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба риояи қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2024 ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Темурмалик, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ховалинг, Шаҳритус, Носири Хусрав, Дӯстӣ ва Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон мавриди омӯзиш қарор дода шуд, — иброз дошт 23-юми июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов.

Номбурда афзуд, ки ҳангоми санҷиш риоя нашудани талаботи қонунгузории хизмати давлатӣ, дастурамалҳои мансабӣ, талаботи тахассусӣ, Кодекси одоби хизматчии давлатӣ ва пешбурди парвандаҳои шахсии хизматчии давлатӣ ошкор шуд.

Мувофиқи таҳлилҳои омории агентӣ, ки ҳар семоҳа ҷамъбаст мегардад, шумораи хизматчиёни давлатӣ 18 ҳазору 384 нафар ва синни миёнаи онҳо 36,8, солро ташкил медиҳад.

Теъдоди занон дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ 4655 нафар ё 25,3 фоизро ташкил дода, аз 5912 ишғолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда 1211 нафар ё 20,4 фоиз занон мебошанд. Теъдоди умумии занон нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм афзудааст.

Теъдоди ҷавонони то 35-сола 8986 нафар (48,8 фоиз)-ро ташкил дода, дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 10 нафар кам мебошад.

М. ЗОКИР,

«Садои мардум»