Аз нишастҳои матбуотӣ

Табдили бахш ба шуъба чӣ пайомад дорад?

№94 (4834) 29.07.2024

ФАРХАНГДар нишасти матбуотии Вазорати фарҳанг, ки 22-юми июли соли равон доир шуд, хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» кам будани воҳид­ҳои кориро дар бахшҳои фарҳанги навоҳӣ матраҳ намуд.

Масъулони вазорат гуфтанд, ки то охири соли равон 22 бахши фарҳанг, ки дар шаҳру навоҳӣ фаъолият доранд, ба шуъба табдил ёфта, воҳидҳои корӣ зиёд мешаванд.

- Масъалаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати кишвар дастгирӣ ёфта, аллакай шуъбаи фарҳанг дар ВМКБ ба раёсат табдил дода шуд, — гуфт Хуршед Низомӣ, сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ, фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии вазорат.

Бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар қароргоҳи ЮНЕСКО намоиши мусаввараву либосҳои миллии тоҷикӣ, конф­ронси байналмилалии илмӣ ва барномаи фарҳангӣ, дар шаҳри Душанбе бо иштироки аҳли илм ва ҳунари кишварҳои Эрон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон ва Озарбойҷон доир шудани Симпозиум-фестивали байналмилалии «Шашмақом», иштироки ҳунармандон дар чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба таҷлили Ҷашни байналмилалии Нав­рӯз дар Британияи Кабир ва Кореяи Ҷанубӣ воқеаҳои муҳими фарҳангии нимсолаи аввали соли 2024 арзёбӣ шуданд.

Иттилоъ гирифтем, ки барои идомаи сохтмони қасрҳои фарҳанги ноҳияҳои Нуробод 1 млн. 100 ҳазор сомонӣ, Шаҳринав 1 млн. 830 ҳазор сомонӣ, Ховалинг 1 млн. 830 ҳазор сомонӣ, маркази фарҳангӣ дар деҳаи Палдораки ноҳияи Мастчоҳ 2 млн. сомонӣ ва барои лоиҳакашии қасри фарҳанг дар ноҳияи Ишкошим ва китобхона дар ноҳияи Қубодиён 340 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.

Ф. ФАЙЗАЛӢ,

«Садои мардум»