Тавсия

Суду зиёни обҳои газдор ва қувватдиҳанда

№95 (4835) 31.07.2024

ОББаробари фаро расидани фасли тобистон ва баланд шудани ҳарорати ҳаво талабот ба оби ошомиданӣ бештар мегардад. Бояд мадди назар дошт, ки на ҳама обе, ки дар кӯчаю мағозаҳо фурӯхта мешаванд, фоидабахшанд.

Пизишкон нӯшокиҳои рангдору газдорро дар баъзе маврид барои саломатии инсонҳо зараровар меҳисобанд. Азбаски ин гуна обҳо дар таркибашон туршии зиёд доранд, баъд аз истеъмоли хӯроки душворҳазм як-ду пиёла аз он нӯшидан барои ҳазми хӯрок ёрӣ медиҳад, вале истифодаи мунтазами онҳо ба саломатӣ зарар мерасонад.

Тавре табиби оилавии маркази саломатии №13-и шаҳри Душанбе Шоингул Сабурова гуфт, сироп ва қанде, ки дар таркиби ин нӯшокиҳо мавҷуд аст, кори ғадуди зери меъдаро халалдор месозанд ва ба бемории диабети қанд оварда мерасонанд. Ин моддаҳо дандонро низ сиёҳ мекунанд ва эмали дандонро мерезонанд.

- Дар меъдаи холӣ нӯшидани ин гуна обҳо метавонад касро ба бемории захми меъда, рӯдаи дувоздаҳангушта, бемории ҷигар ва гурда мубтало созад. Ҳини баланд будани ҳарорати бадан низ нӯшидани чунин нӯшобаҳо ба организм зарар дорад. Ин амал шабеҳи он аст, ки болои оташ сӯзишворӣ мерезед. Ташхис муайян намуд, ки захми меъда дар ҷавонон бештар аз чунин нӯшокиҳо пайдо мешаванд, — гуфт ҳамсуҳбати мо.

Баъзан бонувони ҳомила низ оби газдор менӯшанд, ки пизишкон онро барои зан ва кӯдаки батни ӯ хатарнок мешуморанд.

Шоингул Сабурова нӯшокиҳои қувватдиҳандаро, ки имрӯзҳо ҷавонон барои рафъи хастагӣ истифода мебаранд, низ зарарнок ҳисобид.

- Чунин нӯшокиҳо дар таркибашон глю­коза, кофеин, теобромин, таурин ва моддаҳои дигари ба асаби инсон таъсиркунанда доранд. Ин моддаҳо эҳсоси хастагиро дар инсон коҳиш дода, қобилияти равониро зиёд, ҳамчунин, кори набзро метезонанд. Ин ҳолат 3 соат давом мекунад, аммо моддаҳои зикршуда аз бадани инсон дер хориҷ мешаванд, — афзуд ӯ.

Интихоби оби безарар ва риояи қоидаҳои истеъмоли он имкон медиҳад саломатӣ муътадил нигоҳ дошта шавад. Ҳамсуҳбати мо нӯшидани оби чашмаро тавсия медиҳад. Ҳамчунин, пешниҳод намуд, ки бонувон аз меваҷоти тару тозаи маҳаллӣ шарбат омода намоянд. Ин гуна шарбат безарар буда, барои саломатии инсон манфиат дорад.

Марҷона СОЛИҲЗОДА,

«Садои мардум»