Аз нишастҳои матбуотӣ

Таъсиси ҷойҳои корӣ бештар шудааст

№95 (4835) 31.07.2024

1Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Тоҷиддин Саидзода 25-уми июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар нимсолаи аввал нақшаи қисми даромади буҷети ноҳия 547,1 миллион сомонии муқаррар шуда, ба буҷет 618,6 миллион сомонӣ ворид гардид.

Иттилоъ гирифтем, ки дар ноҳия 321 коргоҳу корхонаи саноатӣ фаъолият доранд ва дар онҳо истеҳсоли 72 намуди маҳсулот ба роҳ монда шудааст. Моҳҳои январ — июни соли 2024 аз ҷониби корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи 907,3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки  нисбат ба соли 2023-юм 123,5 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши он 115,5 фоизро ташкил медиҳад.

- Таъсиси ҷойҳои кории нав, иловагӣ ва барқароршуда 8075 ададро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 380 ҷой зиёд мебошад. Ин муддат дар корхонаю ташкилот 6836 ҷой ва аз тарафи шахсони воқеӣ 1239 ҷойи корӣ ташкил гардид, — афзуд раиси ноҳия.

Тоҷиддин Саидзода дар посух ба саволи хабарнигори рӯзнома вобаста ба набудани майдончаҳо барои бозии кӯдакон, таваққуфгоҳҳо, бо вуҷуди 4-5 сол боз зиндагӣ доштани мардум насб нашудани лифтҳо дар баъзе биноҳои навсохти шаҳраки Гипроземи ноҳияи Сино чунин гуфт:

- Дар ноҳияи Сино 19 бинои истиқоматӣ мавҷуд аст, ки то ҳанӯз аз комиссияи давлатӣ нагузашта, сокинон дар он зиндагӣ оғоз кардаанд. Мо дар якҷоягӣ бо мақомоти шаҳр корбарӣ карда истодаем. Чунин биноҳоро бо ёрии буҷети маҳаллӣ ва соҳибкорон ба талабот мувофиқ ва ба комиссияи давлатӣ пешниҳод менамоем.

М. СОЛИҲЗОДА,

«Садои мардум»