Дар нимсолаи якуми соли 2024 дар шаҳри Душанбе аз ҷониби 783 корхонаи саноатӣ истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,4 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 500 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 123,1 фоизро ташкил намудааст. Инчунин, дар ин нимсола аз ҳисоби ба кор даровардани иншоот ва баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсоливу хизматрасонии мавҷуда дар корхонаю муассисаҳои шаҳр, новобаста ба шакли моликият, 22 ҳазору 805 ҷойи корӣ таъсис ва барқарор шуд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 (1319) 6 фоиз бештар аст. Дар ин хусус 26-уми июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода иттилоъ дод.
Тавре зикр шуд, маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ба 14,3 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,2 фоиз ва саҳми он дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 23,2 фоизро ташкил додааст.
Дар ин давра рушди маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ аз ҳисоби зиёд гардидани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 123 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ — 114, гардиши савдои хориҷӣ — 132, гардиши савдо — 114, боркашонӣ — 111 ва мусофиркашонӣ 105 фоиз таъмин гардид.
Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,4 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23 фоиз зиёд аст. Дар маҷмӯъ, то 1 июли соли ҷорӣ аз ҳисоби ба кор даровардани иншоот ва баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсоливу хизматрасонии мавҷуда, 22 805 ҷойи нави корӣ таъсис ва барқарор карда шуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 1319 ҷойи нави корӣ зиёд мебошад.
Аз тарафи ҶСК «Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе», дар маҷмӯъ, 2,1 миллиард кВт/соат энергияи барқ қабул гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 213,6 миллион кВт/соат зиёд аст. Маблағи умумии ҳисобшудаи барқи интиқолгардида дар давраи мавриди назар ба 720 миллион сомонӣ баробар шуда, ҷамъоварии он 694 миллион сомониро ташкил дод, ки ба 96 фоизи нақша баробар мебошад.
Истеҳсоли энергияи гармӣ дар ин давра ба 783 ҳазор Гкал баробар гардид, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 42 фоиз зиёд аст. Дар ин давра ба муштариён ба маблағи 39 миллион сомонӣ энергияи гармӣ интиқол гардида, ҷамъоварии маблағи он 34 миллион сомониро ташкил дод.
Маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ бо нархҳои муқоисавӣ ба 2,5 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14 фоиз зиёд мебошад.
Аз ҷониби Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и шаҳр дар 12 иншооти таъиноти гуногун корҳои сохтмонӣ-васлгарӣ ва дар 15 иншооти дигар корҳои лоиҳакашию муҳаққиқӣ ба маблағи 214 миллион сомонӣ иҷро гардида, айни замон корҳо дар ин самт бомаром идома доранд.
Дар ин давра дар соҳаи маориф корҳои навсозию сохтмонӣ дар 24 иншоот барои 23 450 ҷойи нишаст дар як баст ва дар 56 муассисаи томактабӣ барои беш аз 11 220 ҷой корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.
Бо мақсади сазовор таҷлил намудани Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби шахсони эҳсонкор ва ташкилоту муассисаҳо 4284 чорабинии гуногун бо таъсиси беш аз 13 ҳазор ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар доираи ин ҷашни бузурги миллӣ то 1 июли соли ҷорӣ 1954 чорабинӣ, аз ҷумла бунёди 26 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ, 15 муассисаи тандурустӣ, 46 коргоҳу корхонаи саноатӣ, 40 километр роҳ, 19 бинои маъмурӣ, 126 иншооти баландошёна бо 96 маркази хизматрасонӣ, 9 иншооти варзиш, рангубори 477 бино, 173 нуқтаи партовпартоӣ ва иқдомҳои дигар, бо таъсиси беш аз 2,7 ҳазор ҷойи нави корӣ амалӣ гардид.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомот бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин намудани сокинону меҳмонони пойтахт ба ҳисоб меравад. Дар ин давра ба муштариён ба маблағи 54 миллион сомонӣ оби нӯшокӣ интиқол ёфта, ҷамъоварии маблағи он 52 миллион сомонӣ ё 96,3 фоизро ташкил медиҳад.
Маврид ба зикр аст, ки симои воқеии ҳар як давлатро аз пойтахти он мешиносанд. Дар баробари дигар соҳаҳо дар соҳаи ободонӣ ва кабудизоркунии шаҳри Душанбе як зумра корҳои назаррас ба анҷом расонида шудааст. Дар мавсими ниҳолшинонӣ дар кӯчаю хиёбонҳо, боғу гулгаштҳо ва шаҳраку маҳаллаҳо 403 ҳазор бех дарахту буттаҳо ва беш аз 14 миллион гули мавсимӣ шинонида, 149 ҳазор метри мураббаъ майсазор гардид.
Дар соҳаи хизматрасонии нақлиётии пойтахт бо ҳама намуди нақлиёт 204 миллион мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,6 фоиз зиёд мебошад. Дар шаҳри Душанбе хизматрасониҳо дар самти ҳамлу нақли мусофирон аз ҷониби 4 корхонаи коммуналии воҳиди давлатӣ, 17 ҷамъиятҳои хусусии нақлиётӣ ва 13 ширкати таксӣ амалӣ карда мешаванд. Дар ин давра бо назардошти ворид ва ба истифода додани автобусҳои нави замонавӣ, инчунин, вобаста намудани баъзе хатсайрҳои амалкунандаи микроавтобусӣ ба хатсайрҳои автобусии корхонаҳои коммуналӣ ҳиссаи бахши коммуналӣ дар хизматрасонӣ ба мусофирон нисбат ба ҷамъиятҳои нақлиёти хусусӣ зиёд гардидааст. Соли ҷорӣ тибқи шартнома бо ширкати ватанӣ харидории боз 30 электробуси замонавӣ ба нақша гирифта шудааст.
Бо мақсади таъмини иҷрои «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» 2958 электромобил харидорӣ ва ворид гардид, ки ин 68 фоизи шумораи нақлиёти кироякашро ташкил медиҳад. Ҳамзамон, 126 адад дастгоҳу таҷҳизоти пуркунандаи қувваи барқ ворид карда шудааст, ки айни ҳол дар нуқтаҳои муайян насб гардида истодаанд.
Дар доираи татбиқи лоиҳаи «Низоми зеҳнии сабти аксу видеоии қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ дар нуқтаҳои истгоҳи нақлиёти маршрутӣ ва хатҳои махсуси ҳаракат барои воситаҳои нақлиёти маршрутӣ пешбинишуда» айни ҳол дар 24 чорроҳаи автомобилгарди пойтахт камераҳои назоратии мушоҳидавӣ ва дар 24 минтақа ва роҳҳои автомобилгарди шаҳр камераҳои махсуси суръатсанҷ ва 28 аломати роҳ насб гардида, фаъолияти онҳо мавриди истифодабарӣ қарор дода шудааст. Инчунин, дар 11 минтақаи нав корҳои васлу насби камераҳои махсуси суръатсанҷ идома доранд.
Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ нақшаи контингенти умумии даромадҳои буҷети шаҳри Душанбе ба маблағи 2,2 миллиард сомонӣ ё 112,4 фоиз иҷро гардид, ки ин аз нақша 240 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар ин давра аз буҷети шаҳри Душанбе 634 миллион сомонӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ равона карда шуд. Нақшаи қисми хароҷоти буҷети шаҳри Душанбе 98,9 фоиз иҷро гардида, ба соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоии шаҳр зиёда 1,5 миллиард сомонӣ равона гардид.
Бо мақсади ҷалби бештари сармоя, бахусус сармояи мустақими хориҷӣ, мунтазам тадбирҳо андешида мешавад. Дар ин давра воридоти сармояи хориҷӣ ба 65,4 миллион доллари ИМА баробар гардид.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ дар пойтахти азизамон як қатор лоиҳаҳо дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла дар соҳаи обу корезӣ ду лоиҳа ба маблағи 88,4 миллион доллар, дар соҳаи нақлиёти барқӣ як лоиҳа ба маблағи 8,8 миллион доллар, дар соҳаи биллинги барқӣ як лоиҳа ба маблағи 88 миллион доллар ва дар соҳаи гармидиҳӣ як лоиҳа ба маблағи 11,1 миллион доллари ИМА, амалӣ гардида истодаанд.
Айни замон дар шаҳр 16 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст ва аз аввали татбиқи онҳо то инҷониб зиёда аз 172 миллион доллар аз худ карда шудааст, ки 25 миллион доллари он ба давраи зикршуда рост меояд.
Шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор дар ин давра ба 48,5 ҳазор расидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 фоиз ё 4550 адад зиёд мебошад.
Бо мақсади ба танзим даровардани нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар арафаи идҳои давлатию миллӣ ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил ва баргузор карда шуд, ки дар он зиёда аз 1,3 ҳазор тонна молу маҳсулоти ниёзи аввалия пешкаши сокинони пойтахт шуд.
Дар ин давра ҷиҳати ғанӣ гардонидани бозорҳои ҳудуди шаҳр бо маҳсулоти гӯштӣ аз ҷониби КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» 129 тонна маҳсулоти гӯштӣ бо нархҳои дастрас пешкаши сокинон шудааст. Аз ҷониби корхонаи мазкур бо мақсади муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулоти ниёзи мардум нақшаи захира тасдиқ гардидааст, ки иҷрои он ҳар сол барзиёд таъмин мегардад.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомот рушди соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, вобаста ба он пайваста чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Дар ин давра хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт, 1093 медал, аз ҷумла аз ҳисоби олимпиадаҳои фаннӣ дар байни минтақаҳои ҷумҳурӣ 812 медал ва аз ҳисоби олимпиадаҳои байналмилалӣ 281 медал, ба даст овардаанд, ки аз ин ҳисоб шаҳри Душанбе дар байни дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар мақоми аввал қарор дорад.
Дар соҳаи тандурустӣ масъалаи беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин, рушди шаклҳои нави кумаки аввалияи тиббиву санитарӣ яке аз вазифаҳои асосии мақомот ба ҳисоб меравад. Муассисаҳои зертобеи раёсати тандурустии шаҳри Душанбе 61 адад ва дорои 2 779 кати муолиҷавӣ мебошанд. Дар давраи зикршуда 59,6 ҳазор бемор дар беморхонаҳои шаҳрӣ бистарӣ шуданд, ки 4,8 фоизи шумораи умумии аҳолии пойтахтро дар бар мегирад.
Ҳамзамон, ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши амалӣ ва назариявии кормандони соҳаи тандурустии пойтахт 339 табиб ва 388 нафар кормандони миёнаи тиб аз такмили ихтисос ва бозомӯзии касбӣ гузаштанд.
Дар нимсолаи аввали соли 2024 ба мақомот 13638 мактуб ворид шуда, ба 1625 адади он ҷавоби расмӣ ирсол гардидааст. Аз шумораи умумии мактубҳои воридшуда 6952 мактуб хусусияти ахборотӣ дошта, 208 мактуб дар ҳолати корбарӣ қарор доранд.
Дар доираи иҷрои қонунгузории ҷумҳурӣ қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарияти мақомот ба роҳ монда шуда, дар ин давра ба мақомот 4853 ҳазор муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардид, ки 99 фоизи он аз тарафи сохторҳои дахлдори мақомот ва сохторҳои шаҳрӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ин давра аз тарафи роҳбарияти шаҳр ва масъулони сохторҳо 1281 шаҳрванд қабул гардида, ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоту дархостҳои онҳо ба сохторҳои дахлдори шаҳриву ноҳиявӣ дастуру супоришҳои мушаххас ирсол шуд.
Тибқи иттилои масъулин, қабули муроҷиатҳо тавассути почтаи электронӣ ва саҳифаҳои иҷтимоии мақомот ба роҳ монда шуда, дар ин давра 187 аксу наворҳо қабул ва ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо ба масъулин ирсол гардидааст.
Ҳамзамон, дар ин самт бо мақсади ташкили хизматрасонии осон ва қуллай, ҳалли саривақтии муроҷиатҳои шифоҳӣ ва телефонии шаҳрвандон дар назди мақомот ва ноҳияҳои он низоми худкори маркази тамос — «Call-Center» ташкил гардида, фаъолиятро пурра оғоз намуд.
- Моро дар пеш вазифаҳои азими созандагӣ баҳри сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи амалии ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар водор месозад, ки таҳти дастуру супориш ва нишондодҳои раҳнамунсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои наҷибонаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ кору пайкор намоем. Танҳо дар якҷоягӣ мо метавонем пойтахти Ватани маҳбубамон — шаҳри Душанберо боз ҳам обод ва дар арсаи ҷаҳонӣ бештар муаррифӣ намоем, — таъкид намуд муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе дар нишасти матбуотӣ.
Зимни нишасти матбуотӣ роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма оид ба паҳлуҳои алоҳидаи фаъолияти шаҳрдорӣ ва нишондодҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе дар нимаи аввали соли 2024 ва нақшаҳои шаҳрдорӣ барои давраи минбаъда посух гуфтанд.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»