Бахшида ба 20-солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир гардид, ки дар он намояндагони мақомоти ҳокимияти судию давлатӣ ва коршиносон аз донишгоҳҳои кишвар иштирок намуданд.
Дар конференсия директори Маркази миллии қонунгузорӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Маҳмад Забир оид ба нақш ва моҳияти Конститутсия суханронӣ карда, зарурати қабули онро дар давраи соҳибистиқлолии давлати навини тоҷикон яке аз дастовардҳои муҳим арзёбӣ намуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати барномавӣ мебошад, ки самтҳои пешрафти давлат ва дурнамои онро пешбинӣ намудааст. Маҳз бо қабули ин санади сарнавиштсоз, ки нахустин қонуни асосии давлати Тоҷикистон аст, дар асоси таҷзияи худ ҳокимияти давлатӣ ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ тақсим, салоҳият ва мувозинати байни мақомоти қонунгузор ва дигар меъёрҳои конститутсионӣ таъмин гардид.
Ҳамчунин дар конференсия аз ҷониби коршиносон маърӯзаҳо доир ба мавзӯъҳои «Нақши Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар инкишофи низоми ҳуқуқи мурофиавӣ», «Нақши Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими ҳокимияти судӣ», «Амалишавии дунявият ва роҳҳои тақвият додани он», «Мавриди амал қарор додани қонун тибқи Конститутсия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Асосҳои ҳуқуқӣ-конститутсионии кафолати фаъолияти соҳибкории хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аҳамияти Конститутсияи (Сарқонуни) соли 1994-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар танзими муносибатҳои замин» пешниҳод шуданд.
Маърӯзаҳои мазкур гувоҳи он аст, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодагари таъмини волоияти қонун, муайянкунандаи дурнамои пешрафти ҷомеа мебошад.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»