Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар шаш моҳи аввали соли 2024 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2024 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Вобаста ба масъала муовини раиси вилоят Мусо Мирзозода иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи аввали соли равон маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ ба 829,3 млн. сомонӣ баробар гардида, 108 фисадро ташкил дод. Дар ин давра нақшаи даромади буҷет, бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 104,8 фоиз иҷро гардида, ба буҷети вилоят 116,7 млн. сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақшаи даромад 5,4 млн. сомонӣ ва дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 16,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Зикр гардид, ки дар ин давра дар ВМКБ 15 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 2,1 миллиард сомонӣ амалӣ шуда, 19 коргоҳу корхонаҳои хурди саноатӣ ба фаъолият оғоз намуданд.
Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини босамари иқтисодиёту иҷтимоиёти ВМКБ ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ изҳори сипос намуд, таъкид кард, ки ин раванд дар марҳилаҳои минбаъда низ таъмин ва бо сатҳу сифати баланд бояд идома дода шавад.
- Барои иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъат бахшидани ободонию созандагӣ ва дигар масоили муҳим бояд пайваста тадбирандешӣ шавад. Мақомоти иҷроияи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, идораву сохторҳои дахлдори вилоят якҷо бо сокинон аз ин баъд низ дар амалисозии ин иқдомҳои шоиста тамоми ҷаҳду талошҳоро ба кор баранд, — афзуд котиби Шурои амнияти мамлакат.
Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот иброз намуд, ки дар ин муддат 70 иншооти таъиноти гуногун ба 434,2 млн. сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Созандагию бунёдкорӣ дар объектҳои стратегӣ, аз ҷумла қитъаи шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ-Кулма аз маркази ноҳияи Дарвоз то даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон, мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон, пули калони мошингузар дар шаҳри Хоруғ, НБО «Себзор», бомаром идома дошта, барои ин сохтмонҳо 1,2 млрд. сомонӣ харҷ шудааст.
Дар умум, ба иқтисодиёти вилоят се миллиард сомонӣ ҷалб гардида, умед аст, ки минбаъд ҷалби маблағ бештар мегардад.
М. ИМОМНАЗАР,
«Садои мардум»