Аз нишастҳои матбуотӣ

Нигаронӣ аз афзудани қарзи обрасонӣ

№96 (4836) 05.08.2024

1- Қарзи ҳаққи обрасонӣ дар шаҳру минтақаи Кӯлоб ба 22 миллиону 475 ҳазору 918 сомонӣ расидааст. Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ аз тарафи истифодабарандагони об 969 ҳазору 900 сомонӣ пардохт гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиону 489,0 ҳазор сомонӣ кам мебошад, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ директори Иттиҳодияи беҳдошти замин ва обёрии минтақаи Кӯлоб Нуралӣ Муъминов.

  Дар нимсолаи якуми соли 2024 бо истифодабарандагони оби полезӣ барои обёрии 60549 гектар шартнома ба имзо расид, ки аз ин 13937 гектар ба воситаи пойгоҳҳои обкашӣ сероб мешаванд.

Дар нимсолаи аввали соли 2024 дар шаҳру минтақаи Кӯлоб ҳолати мелиоративии 1100 гектар замин ғайриқа­ноатбахш ҳисобида шуда, аз ҳисоби ҳаққи обрасонӣ ҳолати зикршудаи 213 гектар бо харҷи 273,0 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби лоиҳаи «Идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ» 301 га бо сарфи 541 ҳазору 800 сомонӣ беҳтар гардид.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»