Дар шаш моҳи аввали сипаригардидаи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 32 иншооти соҳаи маориф (иборат аз 213 синфхона) ба истифода дода шуд. Дар ин бора сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Зиёдулло Абдуллозода 22-юми июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Номбурда гуфт, ки баъд аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти мазкур барои хонандагон 5325 ҷойи нишаст дар як баст муҳайё гардид. Ҳоло дар 165 иншооти дигар (бо фароҳам овардани 28 ҳазору 425 ҷойи нишаст дар як баст) корҳои сохтмонӣ босуръат ҷараён доранд.
Бо вуҷуди он ки ҳамасола муассисаҳои зиёд сохтаю таъмир мешаванд, ҳамоно дар вилоят муассисаҳое ҳастанд, ки садамавию таъмирталаб мебошанд.
- Аз 78 иншооти садамавии соҳаи маориф аллакай 10-тои он иваз гардида, дар 22 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ оғоз шудааст. Дар 46 муассисаи дигари садамавӣ барои оғози корҳои сохтмонӣ ҳуҷҷатгузорӣ идома дорад, — зикр кард З. Абдуллозода.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»