Ҷомеа ба идораи мустаҳкам ва қавии президентӣ ниёз дошт

№129 (3275) 04.11.2014

Қабули Конститутсия ва ҷорӣ шудани идораи президентӣ тариқи раъйпурсии умумихалқӣ дар як рӯз сурат гирифт, ки он ба 6 ноябри соли 1994 рост меояд. Конститутсия, агар кишвари моро ба ҷаҳониён чун давлати мустақили дорои низоми мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ муаррифӣ намояд, пас Президент ҳомии Конститутсия ба шумор меравад.

Инак, аз ин рӯйдоди таърихӣ 20 сол сипарӣ гардид.

Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ сохторҳои гуногуни давлатдорӣ мавриди амал қарор доранд, вале идораи парламентӣ ва президентиро бештар давлатҳо мувофиқ дониста, интихоб кардаанд.

Аз ин ҷост, ки қабл аз баргузории раъйпурсии умумихалқӣ барои қабули Конститутсия ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ доир ба низоми идораи парламентӣ ва президентӣ баҳсу мунозира авҷ гирифта буд. Вобаста ба ин мавзӯъ Сардори давлат, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар Иҷлосияи XVIII Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум чунин нуктаи назари худро иброз дошт: «Пӯшида нест, ки имрӯзҳо дар атрофи масъалаҳои идораи давлатӣ, қабули Конститутсия ва интихоби парлумон баҳсу мунозираҳои ниҳонию ошкоро сурат мегиранд. Мехостам назари шахсии хешро ба масоили мазкур баён созам. Ҳоло бештар сухан дар бораи идораи президентӣ ва парлумонӣ меравад. Боварӣ дорам, ки тарафдорони ҳар ду навъи идораи давлатӣ бурҳону далелҳои раднопазир оварда метавонанд. Шахсан ман ҷонибдори идораи мустаҳками президентӣ ҳастам. Танҳо як ҷиҳаташро таъкид мекунам, ки дар шароити давраи гузариш идораи мустаҳками президентӣ ба ҳалли бисёр масъалаҳои умда имконият медиҳад. Табиист, ки Раиси ҷумҳур низ бояд ба тарзи умумихалқӣ интихоб гардад». («Садои мардум» №143 аз 1 январи соли 1994) .

Баъди қабули Конститутсия ва интихоби Президент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идораи президентӣ ҷорӣ шуд. Давраи гузариш дар кишвар, ки хеле мураккаб ва харобиовар буд, воқеан ҳам ба идораи мустаҳкам ва қавии президентӣ ниёз дошт. Ҳаёти минбаъда собит сохт, ки идораи президентӣ мувофиқ ба авзои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа буда, масъалаҳои душворро қодир аст ҳал ва иҷро намояд.

Бо идораи президентӣ ба муноқишаҳои сиёсӣ хотима гузошта, фаъолияти борабту низом ва устувори давлатдорӣ роҳандозӣ шуд.

Тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 64) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) мебошад. Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон аст.

Ҳангоми қабули Конститутсияи аввалини Тоҷикистони соҳибистиқлол низ баҳсҳо зиёд буданд. Баҳс асосан атрофи қабул намудани калимаи «Сарқонун» сурат гирифт. Ин вожа тарафдорону муқобилонро дошт.

Баъзеҳо даъво доштанд, ки истилоҳи Сарқонун сохтаву нодуруст аст, зеро бо калимаи «сар» танҳо исмҳои ҷондор таркиб меёбанд. Гурӯҳи дигар ин даъворо рад мекарданд. Ба ақидаи онҳо агар чунин бошад, пас калимаҳои «сарнагун», «сарбанд», «сархат», «сармоя» ва ба ин монанд бояд нодуруст ҳисобида шаванд.

Тарафдорони истифодаи калимаи иқтибосии «Конститутсия» низ кам набуданд. Мухолифон бошанд, иддао доштанд, ки вожаи «Конститутсия» беш аз 70 сол натавонист дар таркиби луғавии забони тоҷикӣ мавқеи устувор пайдо намояд. То ҳол ин калимаро нодуруст талаффуз мекунанд ва нодуруст менависанд.

Қисме тарафдори истифодаи вожаҳои «Конститутсия», «Қонуни асосӣ» ва ё «Қонуни доимӣ» (такя бар он ки калимаи Конститутсия маънои дохилӣ, абадиро дорад) буданд.

Истифода нашудани ибораи «Қонуни асосӣ»-ро ба он даъво беасос меҳисобиданд, ки истилоҳ бояд сермаъно набошад ва ташреҳ нахоҳад. Сониян, агар ин қонунро асосӣ гӯем, пас дигар қонунҳо ғайриасосианд?

Аксар тарафдори истифодаи вожаи «Сарқонун» буданд. Он бештар маънои муътабар, аз ҳама боло ва сароғоз, асосу ибтидоро дорад, дар мисоли «сардафтар», «сардор» (сарвар), «сархат», «сарчашма» ва ғайра.

Ин вожаи маъмулӣ ва сермаъно дар осори адибон, намунаҳои эҷодиёти халқ низ хеле зиёд истифода шудааст:

Сари сарчашма рафтам ман ба вақте,

Ба оби дида биншондам дарахте.

(Халқӣ)

***

Сухан сарчашмаи дарёи ишқ аст,

Сухан сармояи савдои ишқ аст.

(Ҳилолӣ)

Аз шиносоӣ бо муҳтавои дар ин мавзӯъ дар расонаҳои хабарии он давра нашршуда маълум мегардад, ки баҳсу мунозира, таклифу пешниҳодҳо ҷиддӣ, холисона, пурарзиш ва аз нигоҳи илмӣ асоснок будаанд. Ҳангоми таҳлил, баррасии таклифу пешниҳодҳо гурӯҳи кории Комиссияи таҳияи Сарқонуни нав вожаи «Сарқонун»-ро қабул ва мавриди истифода қарор дод. Натиҷаи муҳокимаи умумии лоиҳаи Конститутсияро раиси Кумитаи қонунгузорӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи инсони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви гурӯҳи кории Комиссияи таҳияи Сарқонуни нави ҷумҳурӣ Сафаралӣ Раҷабов дар мусоҳибааш бо хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» (№58 аз 20 июли соли 1994) чунин шарҳ додааст: «Аз ҷамъбасти муҳокимаи лоиҳаи Сарқонун бармеояд, ки зиёда аз якуним миллион аҳолии ҷумҳурӣ дар баррасии лоиҳа фаъолона иштирок варзида, нисбати банду моддаҳои алоҳида фикру андеша, дархосту пешниҳоди хешро ироа доштаанд.

Ба гурӯҳи кории таҳияи лоиҳаи Сарқонун 8,5 ҳазор пешниҳоду таклифҳо расиданд. Ҳамаи фикру дархостҳои ҷолибу муфиди одамон аз назари аъзои гурӯҳи корӣ дур намонд. Худи лоиҳаи Сарқонун аз сад модда иборат аст, ки ба 50 моддаи он дар асоси фикру мулоҳизаҳо тағйиру иловаҳои ҷиддӣ ворид сохта шуд. Воқеан, мақсад аз ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод намудани лоиҳа ҳамин буд».

Қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоби Президенти мамлакат дар таърихи ҷомеаи навини тоҷикон мавқеи хосса доранд. Ба ин рӯйдод Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов зимни суханрониаш дар Иҷлосияи XXI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум (16 ноябри соли 1994) чунин баҳо медиҳад: «Мардуми Тоҷикистон аввалин бор санади ҳуқуқиеро қабул намуд, ки он манфиати тамоми халқҳои сокини Тоҷикистонро ифода мекунад.

Агар 16 ноябри соли 1992 ва сессияи XVI Шӯрои Олӣ ҳамчун ибтидои барқароркунии давлати қонунӣ ва сохти конститутсионӣ дар таърихи Ватанамон ҷойи сазовори худро соҳиб шуда бошанд, пас 6 ва 16 ноябри соли ҷорӣ ва сессияи имрӯзаи Шӯрои Олӣ дар таърихи навтарин ҳамчун рӯзи қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлол ва зуҳуроти ягонагии миллатҳои давлатамон абадӣ боқӣ хоҳад монд». («Садои мардум» № 94 аз 19 ноябри соли 1994).

Тӯли ин солҳо Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун бахтномаи миллат ва санади бунёдии сиёсӣ роҳи ояндаи пешрафту тараққиёти давлати озоду демократии моро муайян сохта, муҳимтарин принсипҳои демократии аз ҷониби ҷомеаи башарӣ эътирофшударо таҷассум кардааст ва хоҳад кард.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»