Дар зинаи таҳсилоти томактабӣ, ки яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф маҳсуб меёбад, ҳанӯз мушкилот мавҷуд аст. Эътироф бояд кард, ки солҳои охир барои рушди ин зина ва фарогирии бештари кӯдакон ба боғча чораҳои зиёде андешидаю роҳандозӣ шуданд, ки бесамар набуданд. Чунончи, дар доираи «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ барои солҳои 2012-2016», «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020», ки амалӣ гардиданд, корҳои назаррас анҷом ёфт. Дар натиҷа теъдоди муассисаҳои томактабӣ тадриҷан афзуд.
Соли 2019 шумораи онҳо ба 636 расида, 96578 кӯдакро ба таълиму тарбия фаро гирифтанд, ки дар муқоиса бо соли 2017-ум 21 муассиса ва 3525 кӯдак зиёд мебошад. Ба иттилои муовини сардори раёсати таҳсилоти томактабии Вазорати маориф ва илми кишвар Қутбиддин Муҳиддинзода ҳоло дар ҷумҳурӣ 717, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — 26, Хатлон — 164, Суғд — 282, шаҳри Душанбе -163, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 82, муассисаи томактабӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо 104921 кӯдак таълиму тарбия мегиранд. Бо вуҷуди ин, фарогирии кӯдакон ба муассисаҳо ҳамоно қонеъкунанда нест.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҷалби кӯдакони пойтахт ба таълиму тарбияи томактабӣ нисбатан хуб буда, заминаи моддӣ-техникии муассисаҳо мунтазам беҳтар мешаванд, вале масъала дар минтақаҳо, хоса дар деҳот, ҳамоно нигаронкунанда боқӣ мемонад. Ҳоло дар шаҳри Норак 301 кӯдак интизори роҳхат ба кӯдакистон (дар ин бора раиси шаҳр Фирӯза Шарифӣ 8 феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод) мебошанд. Умуман, ин мушкил қариб дар ҳама шаҳру навоҳии кишвар ба назар мерасад. Ин дар ҳолест, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2019 зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ роҳбарони навоҳӣ ва шаҳру вилоятҳоро муваззаф намуданд, ки дар давоми даҳ соли оянда дар деҳа ва маҳаллаҳое, ки 100 хоҷагӣ доранд, дар баробари толору майдони варзиш муассисаи томактабӣ бунёд созанд. Аз ин дастури Пешвои миллат, ки ба нафъи ҷомеа ва ҳаёти хуррами кӯдакони кишвар аст, 5 сол сипарӣ шуд, аммо бисёре аз масъулони шаҳру навоҳӣ дар ин самт, хоса дар деҳоти кишвар, кори муҳиме анҷом надоданд. Бо ин сабаб ҳоло наздики 80 дарсади кӯдакони вилояти Хатлон, ҳамин миқдор дар вилояти Суғд, аз таълиму тарбияи томактабӣ бебаҳраанд. Ҳолат дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ин беҳтар нест.
Бар замми ин, дар муассисаҳои мавҷуда ҳамоно норасоии мутахассисони соҳибмаълумот, аз меъёр зиёд будани тарбиятгирандагон ба назар мерасад. Дар ҳоле ки талаботи аҳолӣ ба муассисаҳои томактабӣ сол ба сол меафзояд, дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳанӯз муассисаҳои томактабиеро метавон вохӯрд, ки тобеи муассисаи дигаранд ё шахсӣ шудаанд.
Қабули барномаи нав чӣ натиҷа дод?
Соли 2019 «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» қабул шуд, ки мебоист муҷиби ҳалли бисёр мушкилоти соҳа мегашт. Аммо дар доираи барномаи нав, ки то анҷоми он ҳамагӣ 1,5 соли дигар боқӣ мондааст, проблемаҳои соҳа қисман бартараф шуданду халос. Мисол, бинои собиқ кӯдакистони №35 дар шаҳри Хуҷанд, ки ғайримақсаднок истифода мешуд, ба шуъбаи маориф баргардонда шуд ва ҳоло дар он барқарорсозӣ идома дорад.
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муассисаи томактабии назди хоҷагии деҳқонии «Тоҷикистон», ки аз фаъолият бозмонда буд, пас аз таъмир бо фарогирии 250 кӯдак ба фаъолият оғоз кард.
Дар шаҳри Душанбе низ якчанд муассисаи таҳсилоти томактабӣ, ки солиёни зиёд ба дигар мақсад истифода мешуданд, ба ҳолати аввала баргардондаю таъмир шуданд.
Ба иттилои сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Мадина Набизода, дар доираи барномаи мазкур дар вилоят 29 кӯдакистон бунёд ва дар назди 4 кӯдакистон биноҳои иловагӣ сохта шуданд. Солҳои 2020-2024-ум 2148 корманди муассисаҳои томактабӣ савияи дониши худро дар курсҳои такмили ихтисос баланд намуданд, ки 102,2 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.
Тибқи барнома дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сохтмони 240 муассиса ба нақша гирифта шудааст, аммо ба иттилои сардори раёсати маорифи вилоят Зиёдулло Абдуллозода, то имрӯз 9 муассисаи томактабӣ бунёд шудааст.
Дар пойтахти кишвар ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ чанд муассиса сохтаву мавриди истифода қарор гирифт. Қутбиддин Муҳиддинзода изҳор дошт, ки дар доираи барнома, ҳамчунин, дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 2381 маркази инкишофи кӯдак таъсис ёфт, ки 96546 нафар кӯдакони синни томактабиро ба таълиму тарбия фаро гирифтаанд.
Ин муддат барои муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдак мизу курсии кӯдакона, кати хоб, ҷевон барои бозича, ҷевон барои либос, бозичаҳои гуногун хариду дастрас ва дастурҳои методӣ низ нашр шуданд. Вале бандҳои асосии барнома, ки иҷрои он ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дахл доранд, ба таври зарурӣ иҷро нашудааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара (1.09.2023) аз чунин ранг гирифтани кор изҳори нигаронӣ намуда, иброз намуданд, ки: «Мувофиқи барнома ҳар сол аз ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, шарикони рушд ва бахши хусусӣ бояд 100 муассисаи томактабӣ сохта ба истифода дода шавад. Вале то имрӯз аз 68 шаҳру ноҳияи мамлакат танҳо дар 32 шаҳру ноҳия ҳамагӣ 63 муассисаи томактабӣ сохта шудааст».
Маркази инкишофи кӯдак. Киро фиреб медиҳем?
Ҳоло шумораи марказҳои инкишофи кӯдак, ки (ин марказҳо дар минтақаҳое, ки муассисаҳои томактабӣ надоранд ё намерасанд, дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ таъсис дода шудаанд) ба хотири дастрасии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ таъсис ёфтаанд, нисбат ба муассисаҳои томактабӣ зиёд мебошанд. Тавре аз маълумоти масъулони Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ маълум шуд, дар доираи барнома давоми 4 сол 2381 маркази инкишофи кӯдак таъсис ёфт, ки 96546 кӯдакро фаро гирифтаанд. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки оё ин марказҳо дар инкишофи тафаккур ва ҷисмонии кӯдакон саҳми муносиб гузошта метавонанд? На ҳамаашон. Далел дорем: соли гузашта вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025»-ро муҳокима ва аз фаъолияти марказҳои инкишофи кӯдак нигаронӣ намуданд. Муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Парвина Маликзода аз ҷумла гуфт: «Дар шаҳру ноҳияҳо марказҳои инкишофи кӯдак ташкил шудаанд, аммо дар қисми зиёди онҳо шароит барои таҳсил, барномаи таълимӣ, ҳолати психологӣ, ғизо ва ҳатто оби нӯшокӣ ба кӯдакони синни томактабӣ сарфи назар шудааст. Мушкилоти марбут ба мизу курсӣ, маош, имтиёзҳо ва маблағи рухсатии меҳнатии омӯзгорон ҳаллу фасли худро наёфта, аксар омӯзгороне, ки дар марказҳои инкишофи кӯдакон машғулият мегузаронанд, таҳсилоти касбӣ надоранд».
Маълум мегардад, ки таъсиси чунин марказҳо ҳанӯз роҳи ҳал нестанд. Дар сурате ба мақсад хоҳем расид, ки агар ин марказҳо, пеш аз ҳама, бо мутахассисони соҳибмаълумот таъмин бошанд. Ҳоло фаъолияти баъзе аз ин марказҳо мақоли машҳури халқ «Хоҷа, боғ дорӣ? Дорам!»-ро ба хотир меорад. Дар ин сурат суоли дигаре ба зеҳн меояд: Бо ин тарзи кор ва муносибат ба кӯдакон, ки ояндаи босаодати кишвар аз имрӯзи онҳо вобаста мебошад, киро фиреб медиҳем?
Ба андешаи коршиносон кӯдаконе, ки дар муассисаҳои томактабӣ таълиму тарбия гирифтаанд, доираи тафаккурашон аз дигар ҳамсолонашон фарқ дорад. Онҳо барномаҳои мактабиро зуд ва беҳтар аз худ мекунанд. Ба ин далел Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки то соли 2030 фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ бояд ба 50 фоиз расонида шавад. Ин таъкиди Пешвои миллат аз масъулони соҳа муносибати ҷиддӣ ва андешидани тадбирҳои иловагиро тақозо менамояд.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
Марҷона СОЛИҲЗОДА,
«Садои мардум»