- Дар шаш моҳи аввали соли 2024 нақшаи воридоти андоз ба буҷети маҳаллии ноҳия 113,4 фоиз иҷро шуда, 21 миллиону 938 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст, ки аз нақшаи пешбинишуда 2 миллиону 755 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба нишондоди ҳамин давраи соли гузашта 3 миллиону 807 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, — гуфт раиси ноҳияи Рашт Зарина Идизода зимни нишасти матбуотӣ.
Дар давраи мавриди назар истеҳсоли маҳсулот дар ноҳия 352 миллиону 615,8 ҳазор сомониро ташкил дод, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 70 миллиону 220,5 ҳазор сомонӣ (24,8 фоиз) зиёд аст.
Дар нимсолаи якуми соли 2024 истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 161 миллиону 824,9 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли гузашта 20 миллиону 586,2 ҳазор сомонӣ ё 14,6 фоиз беш мебошад.
Масоҳати боғот дар ноҳия 4775 гектар аст, ки 1606 гектар ба хоҷагиҳои кишоварзӣ рост меояд. Бунёди боғҳои нав дар соли 2024 дар 17 гектар ба нақша гирифта шуда, нақша барзиёд иҷро гардид.
Масъалаи ҳалталаб таъмирталаб будани пойгоҳҳои обкашӣ ва каналу заҳбурҳо мебошад. Вобаста ба ин мушкилот ба Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ мактубҳои расмӣ ирсол шуда, лоиҳаҳо таҳия ва пешниҳод гардидаанд.
Корхонаҳои истеҳсолии ноҳия ба 31 адад расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 адад зиёд мебошад.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»