Ҷиҳати омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1-уми июли соли ҷорӣ бунёди 28 ҳазору 649 иншоот ба нақша гирифта шуда, айни замон 14 ҳазору 157 иншоот ба истифода дода шуд. Алҳол дар 7089 иншоот корҳо идома дошта, дар боқимонда то ҳол корҳо оғоз нагардидаанд. Дар ин хусус 29-уми июли соли равон раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода иттилоъ дод.
Зикр гардид, ки дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ лоиҳаҳои муфассали банақшагирии 23 минтақаи алоҳидаи шаҳри Душанбе аз ҷониби пажӯҳишгоҳҳои соҳавӣ пас аз такмил ба Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ирсол гардид.
Бо мақсади тарбияи кадрҳои соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ аз ҷониби мутахассисони маҳаллӣ ва хориҷӣ бо иштироки муҳандисон, лоиҳакашон, конструкторон ва меъморони кумита дарсҳои омӯзишӣ гузаронида шуд. Инчунин, вобаста ба таъмини хатмкунандагон бо ҷойи кор, беҳтар намудани заминаи моддию таълимии донишгоҳ, густариши ҳамкориҳои илмиву амалӣ, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани тахассуси касбии кадрҳои сохтмонӣ, амалисозии барномаҳои асосии таълимоти касбӣ байни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расида, дар пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашии зерсохтори кумита синфхонаҳои таҷрибавию амалӣ ташкил шуд.
Айни замон тасҳеҳи нақшаҳои генералии шаҳру ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Бобоҷон Ғафуров, Ҳисор ва Хуҷанд идома доранд.
С. СУННАТӢ,
«Садои мардум»