Дар меҳмонхонаи «Ҳилтон»-и шаҳри Душанбе Форуми соҳибкорони соҳаи дорусозии Ҷумҳурии Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷеш Уике, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, масъулини муассисаҳои истеҳсолии ватанӣ дар соҳаи фармасевтӣ, сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ, олимону коршиносони соҳавӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.
Шодихон Ҷамшед меҳмононро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, зикр намуд, ки бо мақсади рушди соҳаи дорусозӣ бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» қабул гардида, воридоти технологияҳои навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ, таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод гардид.
Дар доираи татбиқи барномаи мазкур аз ҷониби 64 корхонаи ватанӣ истеҳсоли 592 намуд доруворӣ ва молҳои тиббӣ, ки дар умум, 346 номгӯйро ташкил медиҳад, ба роҳ монда шудааст. Таъкид гардид, ки айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 582 номгӯи доруворӣ расман ба қайд гирифта шудааст, ки аз ҷониби 65 ширкати фармасевтии Ҷумҳурии Ҳиндустон истеҳсол мешаванд.
Дар доираи чорабинӣ вохӯрии соҳибкорони соҳаи дорусозии ду кишвари дӯст баргузор гардида, ҷиҳати бунёди корхонаҳои истеҳсоли доруворӣ ва молҳои тиббӣ, аз ҷумла коркард ва бастубанди гиёҳҳои шифобахши ватанӣ бо ҷалби сармоягузорони Ҷумҳурии Ҳиндустон, ҳавасмандӣ зоҳир шуд.
Аз ҷониби Ҳиндустон дар ин ҳамоиш намояндагони 79 ширкати дорусозӣ намунаи маҳсулоташонро ба намоиш гузоштанд.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»