Аз нишастҳои матбуотӣ

Лахш. Нақшаи андоз барзиёд иҷро шуд

№98 (4838) 12.08.2024

8Раиси ноҳияи Лахш Каромиддин Холзода зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки нақшаи андозҳо дар нимсолаи якуми соли 2024-ум 113 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 11 миллиону 326 ҳазор сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузаш­та 2 миллиону 479 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Бино ба гуфти ӯ, дар ин давра корхонаҳои саноатии ноҳия якҷо бо бахши хусусӣ ба маблағи 4 миллиону 369 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 348 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Кишоварзони ноҳия дар 1359 гектар ғалладонагӣ, 5457 гектар картошка, 131 гектар сабзавот ва дар 1298 гектар хӯроки чорво кишт кардаанд.

Дар мавсими ниҳолшинонӣ боғпарварони ноҳия дар 21,5 гектар боғи нав бунёд намудаанд.

Маълум гардид, ки дар соҳаи тандурустии ноҳияи Лахш 60 табиб бо таҳсилоти олӣ ва 284 нафар бо таҳсилоти миёнаи касбӣ ба мардум хизмат мерасонанд.

Иттилоъ гирифтем, ки бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ноҳия сохтмони 124 иншоот ба нақша гирифта шудааст. То ин вақт 45 иншоот ба истифода дода шуда, дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ ва лоиҳакашӣ идома доранд.

Д. МИРЗО,

«Садои мардум»