Сатрҳои ихлос

Олими номвар ва фарди накухислат

№98 (4838) 12.08.2024

DSC_0953Вақте сухан дар бораи академик Кароматулло Олимов меравад, пеши назар олими пуркор, инсони хоксор, фарди поктинату некандеш ва шахси дар дӯстӣ вафодор падид меояд.

Вақте аз наздик бо устод ҳамсуҳбат мешавед, гӯё ӯро солҳо боз мешиносед.

Акаи Кароматулло инсони хушзабону хушмуомила, бомаданияту хирадманд ҳастанд. Ҳангоми муошират бо дигарон дар бораи худ қариб ҳарфе намегӯянд, дар бораи чизе, ки ҳамсуҳбаташон меписандад, бештар  сухан меронанд.

Худованд ба Кароматулло Олимов хис­латҳои хуби инсонӣ, аз ҷумла ростқавлӣ, покзабонӣ, хушгуфторӣ, фурӯтанӣ, инсондӯстӣ, мардумсолорӣ ва накӯкориро фаровон ато намудааст. Маҳз чунин фазилатҳои неки инсонӣ буд, ки тӯли умр пастию баландиҳои зиндагиро муваффақона паси сар намуда, аз имтиҳонҳои ҳаёт сарбаландона гузаштаанд. Имрӯз зиндагиномаи эшон барои фарзандону пайвандон, шогирдону наслҳои ҷавон дарси ибрат аст.

Ӯ шахси оиладӯст ҳастанду ҳамсари меҳрубону бовафо ва фарзандону набераҳои донишманд доранд. Дар солҳои пурмоҷарои 90-уми асри гузашта ҳамчун узви Комиссияи оштии миллӣ баҳри ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишварамон саҳми арзанда гузоштаанд.

 Академик Кароматулло Олимов муаллифи даҳҳо китобу садҳо мақолаҳои илмӣ буда, ба ҳайси мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири фарҳанги Тоҷикистон, ноиби президенти Академияи миллии илмҳо ва ғайра бенуқсон фаъолият доштанд.

Онҳое, ки қаҳрамони матлабро мешиносанд, хислатҳои неки инсонӣ,  поквиҷдонию  садоқати бемисли эшонро ба Пешвои миллат таъкид менамоянд.

Дар хотир дорам, ки соли 1993 дар шаҳри Тошканд ҳимояи рисолаи доктории ин олими шинохта баргузор гардида буд. Дар он ҷаласа банда низ ширкат намуда, шоҳиди дониши амиқу ҷаҳонбинии васеи ин марди шариф гаштам. Аъзои комиссияи бонуфуз рисолаи доктории ӯро муҳокима карда, баҳои баланд доданд ва номзадии Кароматулло Олимовро ба унвони доктори илми фалсафа якдилона тарафдорӣ намуданд.

Ин олими пухтакор тӯли чанд соли охир ба таълифи китобҳои «Таърихи фалсафаи тоҷик» ва дигар осори гаронбаҳои бузургони илму адаб машғуланд.

Номбурда шогирдони зиёд доранду бо амалҳои ватанпарастонаю қавииродагиашон фарзанди фидоии миллати тоҷик буданашонро борҳо исбот кардаанд.

Умед дорем, ки солҳои тӯлонӣ академик Кароматулло Олимов ба наслҳои имрӯзу фардои миллат дарси ватанхоҳӣ, решакан намудани падидаҳои ифротгароию ҷаҳолатпарастиро меомӯзанд, ба сокинони кишвар қадру манзалат, мақому ҷонбозиҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардоштани обрӯю нуфузи Тоҷикистони соҳиб­истиқлол муаррифӣ менамоянд.

Аз Худо металабам зиндагии шоди туро,

Хонаи бахти пур аз ишрату ободи туро.

Гулшани ишқу сафо арсаи ҷавлони ту бод,

Ва нагирад қафасе булбули озоди туро.

Рӯзи хушбахтии ушшоқи ҷаҳон гардонад,

Караму лутфи Худо маҳфили милоди туро.

Карамулло ОДИЛОВ,

муовини раиси Шурои собиқадорони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд