Барқияи тасаллият

№98 (4838) 12.08.2024

Стандарти Садои мардум Силва12-уми августи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия муҳтарам Луис Инасиу Лула да Силва барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари суқути ҳавопаймои мусофирбар дар вилояти Сан-Паулуи Ҷумҳурии Федеративии Бразилия, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ гардид, моро сахт андуҳгин намуд.

Дар робита ба ин фоҷиаи вазнин ба Шумо ва мардуми дӯсти Бразилия таъзияву тасаллияти амиқи инҷонибро иброз дошта, хоҳиш мекунам, ки ҳамдардии самимии моро ба пайвандону наздикони фавтидагон бирасонед».