Суҳбати телефонӣ

№98 (4838) 12.08.2024

Стандарти Садои мардум Кусидо копия12-уми августи соли 2024 суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷопон ҷаноби Фумио Кисида бо ибтикори он ҷониб баргузор гардид.

Дар оғози суҳбат Сарвари давлатамон дар робита ба заминларзаи шадиде, ки чанде пеш дар Ҷопони дӯст рух дода буд, ҳамдилӣ ва дастгирии худро изҳор доштанд.

Сипас, Пешвои миллат дарки ҷониби Тоҷикистонро аз тасмими ба замони дигар гузаронидани вохӯриҳои бисёрҷониба ва дуҷониба, ки ба наздикӣ ба нақша гирифта шуда буданд, таъкид намуданд.

Дар раванди суҳбат ҷонибҳо, ҳамчунин, ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистон ва Ҷопонро баррасӣ намуда, омодагиашонро барои идомаи тамосҳо ҷиҳати рушди минбаъдаи онҳо тасдиқ карданд.

Ҳамзамон, оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.

www.prezident.tj