Бо дастгирии Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ 3 километр роҳҳои автомобилгард ва кӯчаву маҳаллаҳои шаҳр асфалтпӯш мегардад.
Таъмиру мумфаршкунии роҳ аз назди боғи марказии шаҳр оғоз гардида, инчунин, кӯчаҳои дигари атрофи он навсозӣ мешаванд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ иттилоъ доданд, таъмиру мумфаршкунии роҳҳоро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Панҷ» ба зимма гирифта, ҷиҳати сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани кор азми қавӣ доранд.
Роҳбарият ва сокинони шаҳр ин иқдоми навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дилгармии хос пазируфта, баҳри ободиҳо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта зиёда аз 5 километр роҳи асосии шаҳр ва кӯчаву маҳаллаҳои он мумфарш гардида буд.
И. Машҳур,
«Садои мардум»