Форуми занони Тоҷикистону Қазоқистон

№99 (4839) 14.08.2024

WhatsApp Image 2024-08-13 at 11.06.45 копияДар шаҳри Душанбе Форуми занони Тоҷикис­тону Қазоқистон зери унвони «Занон, захираҳои молиявӣ ва муҳофизат аз зӯроварӣ» баргузор гардид. Дар кори он роҳбарони мақомоти иҷроия ва қонунгузори ҳокимияти давлатии ҷумҳуриҳои Тоҷикис­тону Қазоқистон, роҳбарони бонкҳои давлатӣ ва хусусӣ, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, масъулон оид ба масъалаҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, олимон, институтҳои тадқиқотии миллӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва соҳибкорзанон ширкат доштанд.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода зимни ифтитоҳи форум иброз намуд, ки тақвият ва рушди муносибатҳои дуҷонибаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Қазоқистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

- Форуми имрӯза дар доираи сиёсати хирадмандона, сулҳпарварона ва дарҳои кушоди давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи муносибатҳои дипломатӣ миёни ҳар ду кишвари дӯсту бародар ва шарики стратегӣ, ки ҳанӯз 7 январи соли 1993 барқарор гардида буд, баргузор мешавад. Форуми занони Тоҷикистону Қазоқистон ҳамчун минбари баланд ва майдони фарох барои баланд бардоштани нақши занон дар баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои муҳими ҳар ду кишвар мусоидат менамояд, — иброз намуд Бунафша Файзиддинзода.

Муовини Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ зикр намуд, ки таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳои занони Тоҷикистону Қазоқис­тон дар чаҳорчӯбаи «Занон, захираҳои молиявӣ ва муҳофизат аз зӯроварӣ» на фақат барои фароҳам овардани замина ҷиҳати табодули иттилоот ва таҷриба замина мегузорад, балки барои таҳияи стратегия ва механизмҳои беҳтар намудани мавқеъ ва вазъи иқтисодии занон, баррасии монеаҳо ва дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда баҳри пешгирии зӯроварӣ нисбати занону духтарон мусоидат менамояд.

Ёдовар мешавем, ки қабл аз ин дар шаҳри Душанбе форумҳои занони Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Тоҷикистону Чин низ баргузор шуда буд.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»