Аз нишастҳои матбуотӣ

Таъсиси гимназия дар ДБЗХТ

№99 (4839) 14.08.2024

2Дар нимсолаи якуми соли 2024 дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода сатҳи донишазхудкунӣ 90,3 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта баланд мебошад. Дар ин бора ректори донишгоҳи мазкур Жило Гулназарзода иттилоъ дод.

Соли таҳсили 2023-2024 донишгоҳро 957 нафар, аз ҷумла 566 кас дар шуъбаи рӯзона, 362 нафар тариқи фосилавӣ, 30 нафар дар зинаи магистратура ва 6 нафар дар зинаи докторантура (PhD) хатм карданд, ки нисбат ба соли пеш 129 хатмкунанда зиёд аст.

- Яке аз дастовардҳои муҳим дар ин давра таъсиси гимназия дар назди донишгоҳ ба ҳисоб меравад. Гимназия 350 хонандаро барои таҳсил ва 60 нафарро ба маркази инкишофи кӯдак фаро мегирад, — зикр кард номбурда.

Иттилоъ гирифтем, ки донишгоҳ дар ин давра баҳри татбиқи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ 259 чорабинӣ баргузор намудааст.

М. СОЛИҲЗОДА,

«Садои мардум»