Аз нишастҳои матбуотӣ

10 ҳазор сомонӣ барои ҳимояи рисолаи докторӣ

№99 (4839) 14.08.2024

3Тавре ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Дилшод Раҳмон дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, омӯзгороне, ки рисолаҳои докторӣ ҳимоя менамоянд, соҳиби 10 ҳазор сомонӣ мешаванд.

Айни замон дар зинаи бакалавр аз рӯи 63 ихтисос 9846 донишҷӯ, магистратура аз рӯи 28 ихтисос 204 магистрант ва докторантураи PhD-и донишгоҳи мазкур аз рӯи 30 ихтисос 69 докторант таҳсил мекунанд.

Иттилоъ гирифтем, ки шумораи донишҷӯёни тибқи квотаи президентӣ таҳсилдошта 395 нафар ва ятимони кулл 24 касро ташкил дода, онҳо ҳамеша зери таваҷҷуҳи роҳбарияти донишгоҳ қарор доранд.

Дар ин давра 2327 нафар, аз ҷумла 880 нафар рӯзона, 1340 фосилавӣ ва 107 нафар зинаи магистратураро хатм намуданд. Дар донишгоҳ 9 нафар стипендияи президентӣ ва 6 донишҷӯ стипендияи раиси вилояти Хатлонро мегиранд.

Аз шумораи умумӣ донишгоҳро 60 донишҷӯ бо дипломи аъло хатм намуданд, ки нисбат ба соли 2023-юм 8 нафар зиёд мебошанд.

Донишҷӯёни донишгоҳ, инчунин, дар мусобиқаҳои варзишӣ иштирок намуда, сазовори 7 медали тилло, 29 нуқра, 20 биринҷӣ ва 31 ифтихорнома гардидаанд.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»