- Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов таҳсилро идома надодани баъзе аз хатмкардагони мактабҳои ибтидоии мусиқӣ — мактаб — интернат ва коллеҷҳои махсуси мусиқӣ ҳамоно нигаронкунанда боқӣ мемонад,- гуфт дар посух ба суоли хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» ректори консерватория Миралӣ Достизода ва афзуд: — Мушкил дар он аст, ки баъзе волидон намехоҳанд фарзандонашон баъд аз хатми мактабҳои миёнаи мусиқӣ дар соҳа таҳсилро идома диҳанд. Бисёр волидон ба фарзандонашон дигар тахассусҳоро интихоб менамоянд.
Ин дар ҳолест, ки Консерваторияи миллии Тоҷикистон бояд онҳоеро ба таҳсил фаро гирад, ки дар мактабҳои махсуси бачагонаи санъат ва коллеҷҳои санъат донишҳои аввали мусиқиро аз худ кардаанд. Бо ин сабаб консерватория нақшаи қабулро иҷро карда наметавонад.
- Чор сол мешавад, ки мо устодонро барои дарёфти истеъдод ба шаҳру навоҳӣ мефиристем. Нафаронеро, ки истеъдоди хуб доранд (сарфи назар аз он ки мактаби ибтидоии мусиқиро нахондаанд), номнавис намуда, ба таври истисно фоизи муайянро ба консерватория ҷалб менамоем,- афзуд М. Достизода.
Иттилоъ гирифтем, ки имсол Консерваторияи миллиро 53 нафар хатм намуда, 29 нафар, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷет таҳсил мекарданд, тавассути роҳхат ба кор фиристода шуданд.
Дар Озмуни байналмилалии «Мақом» аз рӯйи номинаи «Иҷроиши якка» (дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон) сазовори ҷойи аввал гардидани шашмақомсарои тоҷик, дотсенти кафедраи сарояндагии анъанавӣ Хуршед Иброҳимзода аз муҳимтарин дастоварди шашмоҳаи аввали соли 2024 мебошад. Дар ин озмун Хуршед Иброҳимзода бо диплому ҷоиза ва 10 ҳазор доллари ИМА сарфароз гардид.
Ф. ФАЙЗАЛӢ,
«Садои мардум»