Аз нишастҳои матбуотӣ

Таъмини амнияти миллӣ дар меҳвари пажӯҳишҳо

№99 (4839) 14.08.2024

1231-уми июли соли равон директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки тибқи нақшаи корҳои илмию таҳқиқотӣ дар нимсолаи якуми соли 2024 мавзуъҳои «Амнияти миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар марҳилаи нави рушди давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳо ва дурнамои стратегии таъмини он», «Таъмини амнияти иқтисодӣ дар заминаи баланд бардоштани рақобатнокии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди пажӯҳиш қарор гирифта, маърӯзаҳои илмию гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию машваратӣ таҳия шуд.

Коршиносони марказ зимни пажӯҳиш ва таҳияи гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию машваратӣ, ташкил ва баргузории ҳамоишҳои илмӣ-амалӣ таваҷҷуҳи асосиро ба таъсири ин равандҳо ба Тоҷикистон равона намуданд. Баҳодиҳиҳои муносибу саривақтии кормандон ба ин равандҳо, пешниҳоду тавсияю таҳлилҳои саривақтӣ доир ба масъалаҳои муҳими сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии мамлакат, минтақа ва ҷаҳон аз фаъолияти пурсамари марказ дар давраи мавриди назар арзёбӣ гардид.

Пешбурди робитаҳои илмию таҳқиқотӣ бо марказҳои зеҳнии дигар давлатҳо дар фаъолияти ин ниҳоди муҳими давлатӣ авлавият дорад. Иттилоъ гирифтем, ки Маркази тадқиқоти стратегӣ бо як қатор марказҳои таҳлилӣ ва пажӯҳишии дигар давлатҳо, аз ҷумла Россия, Қазоқистон, Чин, Ҳиндустон, Арабис­тони Саудӣ, Туркия, Эрон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Кореяи Ҷанубӣ ва кишварҳои дигар, ҳамкориҳои самарабахш дошта, барои тавсеаи робитаҳо ин муддат масъулин бо намояндагони кишварҳою ташкилотҳои байналмилалӣ 12 суҳбату вохӯрӣ доир намуданд.

Марҷона СОЛИҲЗОДА,

«Садои мардум»