Пешниҳод

125-солагии Шӯриши Восеъ ҷашн гирифта шавад

№87 (3072) 12.07.2013

Халқи тоҷик бо таърихи боғановат, адабиёту фарҳанг, санъаткорони мумтоз, адибу олимони шуҳратманд, фидоиён, қаҳрамону мардони далеру ҷасураш дар олам шуҳратманд гардидааст. Яке аз фарзандони ҷасури ин миллати қадима Қаҳрамони халқи тоҷик-Восеъ ба шумор меравад, ки ӯ баҳри наҷоти халқу миллати азизи худ барои аз бунёд нест кардани зулму асорат алайҳи золимони манғитӣ мубориза бурда,ҷоннисорӣ кардааст.

Соли равон ба шӯриши халқ бо сарварии фарзанди ҷасури он – Восеъ 125 сол пур мешавад. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки ҳанӯз 25 сол пеш 28 январи соли 1988 қарори КМ ПК Тоҷикистон дар бораи ҷашнгирии 100-солагии Шӯриши Восеъ ба имзо расида, дар асоси он ин санаи муҳим дар тамоми ҷумҳурӣ сазовор ҷашн гирифта шуда буд. Ба ҳамин муносибат бисёр паҳлуҳои норавшани шӯриши мазкур ҷилои тоза гирифтанд.

Дар таърих, адабиёт ва фарҳангу ҳунари тоҷик бисёр падидаҳои нав ба вуҷуд омаданд. Дар зодгоҳи қаҳрамон се нимпайкараи ӯ,боғ-осорхонаи Шӯриши Восеъ, чойхонае ба номи духтари вай «Гулизор» ва бисёр иншооти хурду бузург сохта, ба истифода дода шуданд. Аз 28 июл то 28 августи соли 1988 бо қарори махсуси Ҳукумат дар ҳайати даҳ нафар, бо иштироки Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Ҳайдар Қосимов, даъватшавандаи ҳарбӣ Муҳибулло Файзалиев ва адиби ҷангноманавис Раҳмон Сафаров ба номи «Бо пайраҳаҳои Восеъ ва Восеътанон» саёҳате ташкил шуда буд, ки яке аз аъзои он муаллифи ин сатрҳо буд.

Ин рӯз ҳама он лаҳзаҳои ҷашнгирии 100-солагии Шӯриши Восеъро ба ёд оварда, пешниҳодҳои шаҳрвандон, аз ҷумла директори Коллеҷи санъати ба номи Кароматулло Қурбонови шаҳри Кӯлоб Фатҳулло Файзуллоев, собиқ муҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Ҳақиқати Ховалинг»-и ноҳияи Ховалинг Сайҷалол Сатторзода, ки дар гӯшаи «Розу ниёз»-и рӯзномаи «Ҷумҳурият» рӯзҳои 11 ва 30-юми январи соли 2007 ба табъ расида буданд, инчунин мақолаи «Шӯриши Восеъ 120-сола мешавад»-и дар рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ба табъ расида (13 феврали соли 2008), «120-солагии Шӯриши Восеъ таҷлил гардид» («Ҷумҳурият», 29 апрели соли 2008), «Шӯриши Восеъ ҷашн гирифта шавад» («Ҳақиқати Ховалинг», 5 апрели соли 2008), «Восеъ ба Ховалинг оварда шавад» («Ҷавонони Тоҷикистон», 30 октябри соли 2008) ва дигар мақолаҳои ба табъ расонидаамро гаштаю баргашта мутолиа мекунаму ба дарёи андеша ғӯтавар мешавам. Ба худ суол медиҳам «Оё Қаҳрамони       халқи тоҷик-Восеъ фаромӯш шуда бошад?». Ва посух медиҳам: Не. Қаҳрамони халқи тоҷик Восеъ ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад. Ӯ зиндаву ҷовид аст. Намемирад. Соли 2013 ба шӯрише, ки бо сарварии ӯ сар зада буд, 125 сол пур мешавад. Ин масъала дар миёни халқ аз даҳон ба даҳону аз дил ба дил мегузарад. Дар шаҳру навоҳии ҷумҳурии азизамон Восеъро ёд мекунанд.

Аз 120-солагии ин шӯриши халқ мардум, бахусус ҷавонон, ёдовар шуда буданд.

Масалан, сокини шаҳраки Ховалинг М.Салимов дар шумораи 8 марти соли 2008-и рӯзномаи «Ҳақиқати Ховалинг» бо сарлавҳаи «120-солагии Шӯриши Восеъ ҷашн гирифта шавад» бо меҳру муҳаббат хоҳиш намуд, ки ин санаи муҳимро дар тамоми ҷумҳурӣ ботантана ҷашн гиранд. Чорабиниҳо ба муносибати 120-солагии Шӯриши Восеъ дар ҷашни Наврӯзии ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар маркази ноҳияи Восеъ рӯзҳои ид баргузор гашт, ба мардум, бахусус ҷавонон, рӯҳу илҳоми беандоза бахшид.

Дар ҳақиқат, Восеи бузургвор дар вартаи худшиносӣ, худогоҳӣ, ғуруру ифтихори миллӣ, дар мубориза ба муқобили зулму тааддии саркардаву сарварони манғитӣ ҷонашро нисор кард. Дар дор, дар Шаҳрисабз ҷон доду чашмонаш кушода, пеши душмани золим сар хам накард. Дилаш ба миллати мазлумаш сӯхт. Ғурураш боло баромад. Ба мақсадаш расид. Халқу миллаташро ҳифз кард.

Меҳр, муҳаббат, корнамоиву қаҳрамонӣ ва дигар паҳлуҳои ҳаётию ҷасорати Восеъ дар зиндагиву фаъолият ва хизматҳои инҷониб ва аҳли авлодам таъсири бузург дорад. Падару тағо, амаку дигар хешу таборонам иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буданд. Дар ҳама ҷо ному қаҳрамониҳои Восеъро ёд мекарданд. Хусусан тағоям Сайдаҳмад Каримов, ки падараш Карими Шариф иштирокчии Шӯриши Восеъ буд, қаҳрамониҳои Восеи ҷасурро дар корзори Ҷанги Бузурги Ватанӣ борҳо такрор кардааст. Ӯ бо ному ҷасорати Восеъ ифтихор дошт. Дар васфи ин қаҳрамон шеъру достон низ навишта буд. Ӯро мардуми тоҷик бо номи «Каримқаҳрамон» низ хуб мешиносанд. Дар борааш шеъру достон, китобҳо, кинофилму киножурнал ва дигар навиштаҳо бисёранд.

Ҳамчун иштирокчии саёҳати «Бо пайраҳаҳои Восеъ ва Восеътанон», пешниҳод менамоям, ки ҷашни 125-солагии Шӯриши халқи тоҷик бо роҳбарии сарвари ҷасури он Восеъ дар сатҳи кишварамон ботантана таҷлил шавад.

Амир Сайиди Мункӣ,  адиб