17 майи соли ҷорӣ Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мукаммалгардонии захираи китобхонаҳо бо китобҳои тозанашр дар назди Кохи фарҳанги ноҳияи Рашт намоиш — фурӯши китобҳои муассисаҳои нашриявии вазоратро баргузор намуд.
Дар он сокинони ноҳия иштирок намуда, китобҳои мавриди писандашонро бо нархҳои дастрас харидорӣ карданд. Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб» аз ҳисоби «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 — 2025» — ум 1512 китоб бо маблағи 50599 сомонӣ ройгон ба китобхонаҳои ноҳия тақдим намуд.
Ш. СОЛЕҲ,
«Садои мардум»