1512 китоби ройгон

№60 (4480) 19.05.2022

1020709774_0_309_3075_2048_600x0_80_0_0_da9820a929574cb4cd69895d54cd3d6317 майи соли ҷорӣ Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҷиҳати мукаммалгардонии захираи китобхонаҳо бо китобҳои тозанашр дар назди Кохи фарҳанги ноҳияи Рашт намоиш — фурӯши китобҳои муассисаҳои нашриявии вазоратро баргузор намуд.

Дар он сокинони ноҳия иштирок намуда, китобҳои мавриди писандашонро бо нархҳои дастрас харидорӣ карданд. Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб» аз ҳисоби «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои солҳои 2021 — 2025» — ум 1512 китоб бо маблағи 50599 сомонӣ ройгон ба китобхонаҳои ноҳия тақдим намуд.

Ш. СОЛЕҲ,

«Садои мардум»