- Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни омӯзгорону устодони муассисаҳои таҳсилоти миёнаю касбӣ, литсею коллеҷҳои шаҳри Истаравшан ҳамовозии гармро ба миён овард. Маҳз дар натиҷаи татбиқи чунин санадҳои муҳиму сарнавиштсози мамлакат давра ба давра кишвари мо пешрафт намуда, рӯзгори сокинони мамлакат, беҳтар мешавад, — изҳор дошт сарвари Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии шаҳри Истаравшан» Нуриддин Тӯйчиев.
- Тибқи «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» дар литсей ба сифати таҳсилот, касбомӯзии хонандагон, тарбияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, таълими забони давлатӣ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Дар таълимгоҳ барои тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси дар бозори меҳнат рақобатпазир имконият ва шароити зарурӣ мавҷуд аст, — мегӯяд сарвари муассиса.
Тӯли солҳои охир баробари тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои кафшергари барқӣ, дуредгарӣ, гаҷкорӣ — ҷузъи меъморӣ, рассомӣ — ороишгарӣ, дӯзандагӣ — тарроҳӣ, кандакорӣ, кошинкорӣ гурӯҳҳои нави ихтисоси фермерӣ — соҳибкорӣ, байторӣ — санитарӣ ва ғайра ташкил шудаанд.
Президенти мамлакат дар Паёми имсолаи хеш низ ба масъалаи васеъ ба роҳ мондани корҳои хонагӣ, аз қабили қолинбофӣ, дигар навъҳои бофандагиву дӯзандагӣ ва умуман рушди косибиву ҳунармандӣ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, моро вазифадор карданд, ки ҷиҳати татбиқи ин масъала чораҳои муассир андешем.
Соли гузашта дар пояи муассиса як гурӯҳи бофандагӣ барои 20 нафар, гурӯҳи адрасбофӣ — 20 нафар, гурӯҳи кафшергари барқӣ — 20 нафар, гурӯҳи дӯзандагӣ — 20 нафар, гурӯҳи омӯзиши забони русӣ — 35 нафар ва ғайраро ташкил кардем ва пас аз хатми ин курсҳои кӯтоҳмуддат зиёда аз 600 нафар наврасону ҷавонон соҳибкасб гардиданд. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки аз ин шумора қариб 200 нафарашон духтарон мебошанд.
- Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки «…масъалаи омӯзонидани касбу ҳунарҳои гуногун ва тайёр кардани кадрҳои коргарӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулони вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм ва вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, инчунин роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо буда, онҳо вазифадоранд, ки заминаҳои моддиву техникии таълимгоҳҳо, бахусус марказҳои таълими калонсолонро, таҳким бахшанд ва барои омода кардани кадрҳои дар бозори меҳнат рақобатпазир ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ намоянд».
- Биноан, мо тамоми саъю кӯшиш, донишу маҳорати хешро баҳри он сафарбар мекунем, ки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз Паёмашон бармеоянд, дар амал татбиқ намоем, — афзуд Нуриддин Тӯйчиев.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»