Аз рӯи солшумории бостонӣ соли 2025 соли мор аст. Аз қадим миёни халқҳои Шарқ, аз ҷумла тоҷикон, солшуморие бо номи «Мучал» роиҷ буд, ки асоси ин тақвимро на хурофоту боварҳо, балки даври гардиши Муштарӣ дар атрофи Офтоб ташкил медиҳад ва он ба 12 сол баробар аст. Дар ин солшуморӣ ҳар сол бо номи ҷонваре вобаста. Солгардонӣ бо муш аз 22 март оғоз шуда, бо хубон 21 март хотима меёбад. Ҳар як ҷонвари ин солшуморӣ хосият дорад ва мардум ҳодисаю дигаргуниҳоро дар он сол ба хусусиятҳои он ҷонвар вобаста медонанд.
Хушбахтӣ ва баракат дар соли мор бо рангҳои сурх ва сабз ифода меёбад. Давраи беҳтарини ин сол моҳи май ба шумор меравад. Зебо гаштани табиат, шукуфтани гулҳое, ки ҳатто дар миёни сангҳо мерӯянд, нишони саодатмандӣ мебошад.
Кӯдаконе, ки дар ин сол ба дунё омадаанд, хеле зираканд. Мустақилият, хушҳолӣ ва созишкорӣ сифати онҳо буда, табиати эҷодӣ доранд.
Мардҳо пурасрор ва ҳассос ҳастанд. Ба худ баҳои баланд медиҳанд, роҳат ва зиндагии ободро дӯст медоранд. Дар зоҳир ором ва хушмуомилаанд. Аз муноқишаҳо мегурезанд. Ба мансаби баланд расида метавонанд, аксар вақт пинҳонӣ амал мекунанд. Занҳои тавоноро эҳтиром мекунанд. Занҳо бошанд, дорои иродаи қавӣ ҳастанд. Онҳо барои осудагии оилаашон мубориза мебаранд ва роҳату оромиши хонаводаашонро афзал мешуморанд.
Шахсиятҳои машҳур, ки дар соли мор таваллуд шудаанд
Чарлз Дарвин, Пабло Пикассо, Иброҳим Линколн, Муҳаммад Алӣ, Ҷон Кеннедӣ, Кристиан Диор, Франс Шуберт, Анри Матисс ва Ҷакомо Казанова аз зумраи шахсиятҳои машҳур мебошанд, ки дар соли мор ба дунё омадаанд.
Морҳо дар муошират ҷиддӣ ҳастанд ва ҳамеша ба ҳадафи худ мерасанд. Интиқомгирӣ хоси онҳо нест, меҳрубон ва бахшандаанд. Ростқавлӣ, поквиҷдонӣ, меҳрубонӣ хислати асосиашон аст. Рози дили хешро ба касе ифшо намесозанд. Меҳнатдӯсту дилрабо, вале то андозае шуҳратпараст низ ҳастанд.
Омори ҷолиб дар бораи мор
Дар рӯйи замин 3400 намуди мор мавҷуд аст.
Дар Бразилия соҳиле ҳаст, ки «Морзор» ном дорад ва бештари морҳои ҷаҳон дар он ҷо дида мешаванд. Ба ҳисоби миёна ба ҳар як метри квадратӣ як мор рост меояд.
Андозаи морҳо гуногун буда, аз 10 см то 9 метр дарозӣ доранд.
Политсефалия ягона море мебошад, ки баъзан бо ду сар таваллуд мешавад.
Мамбаи сиёҳ хатарноктарин мор ба ҳисоб меравад. Заҳри он метавонад дар 45 дақиқа инсонро ба ҳалокат расонад ва ё хотираашро аз байн барад.
Анакондаи сабз дарозтарин ва вазнинтарин мор маҳсуб ёфта, ба ҳисоби миёна то 9 метр дарозӣ ва 227 кг вазн доранд. Ин навъи мор бештар дар ҷангалзори Амрикои Ҷанубӣ дида мешавад.
Тайлани ғарбӣ морест, ки бештар дар Австралия дучор меояд. Хурд аст, аммо як қатра заҳраш 100 одами солимро мекушад.
Миёни навъҳои дигар море ҳаст, ки имкон дорад, то баландии 100 метр парвоз намояд. Ин навъи морро бештар дар Осиёи Ҷанубӣ вохӯрдан мумкин аст.
Таҳияи Гулбаҳор РАҲМОНОВА,
«Садои мардум»