Модари ҷонам, Мунаввара Амирбекова, чанд рӯз пеш мо — аҳли хонавода ва ҷамъе аз пайвандону наздикон сари дастархони шумо гирд омадем ва 70-солагии шуморо таҷлил кардем. Вале он ба ҷашн монанд нашуд. Ҷойи шумо – ҷойи аз ҳама боло холӣ буд…
Мо аз садои нарм, чеҳраи гарм, табассумҳои ширину зебои шумо ёдовар шудем. Аз меҳрубонӣ, дилогоҳӣ, дилбардорӣ ва чашминтизориҳо ёдовар шудем. Аз дасти дуову дасти сахо, аз камолоти маънавию динӣ, заковату фаросати баланд, насиҳату маслиҳатҳои оқилонаи шумо ёдовар шудем. Бо номи нек ва хидматҳои шоистаи ба давлату миллаткардаи модарамон ифтихор мекардем. Ҷашнатонро ба шумо ва ба якдигар табрик гуфтем. Аз Худои мутаол таманно кардем, ки рӯҳи модари бузурги моро шод, манзили охираташро обод ва ҷояшро ҷаннат бигардон. Охир, шумо чашму чароғи хонадон, ганҷи бебаҳои шавҳару фарзандон, бузургтарин инсон дар зиндагии мо, василаи хурсандӣ ва хушбахтии пайвандону наздикон будед.
Ҳама интизор будем, ки ин санаи бароямон таърихиро бо ҳузури мубораки шумо таҷлил менамоем ва гули зебои сари сабади он хурсандӣ хоҳед буд. Аммо марги нобаҳангом сад рӯз пеш аз ҷашнатон шуморо аз чашми мо рабуд ва дар дилҳоямон ҷо намуд.
Ҳарчанд тақдири худовандиро чора нест, ҳарчанд шукри беҳади Парвардигор, ки падарамон – сутуни хонадонамон дар паҳлуи мо ҳастанд, вале боз ҳам то имрӯз наметавонам бе ғаму андӯҳ ва бе оби дида ин мусибати гарон – дарди бемодариро таҳаммул намоям. Рӯзи даргузаштатон рӯзи сангинтарин ва сиёҳтарини зиндагии аҳли хонаводаамон буд.
Бузургони адабу фарҳанги мо фармудаанд, ки як модари хуб аз сад омӯзгор авлотар аст. Шумо – азизи дилу дидагони мо ҳам модари хуб ва ҳам омӯзгори хуб будед. Сарнавишти носозгор шуморо дар 16-солагӣ аз падару модар маҳрум карда бошад ҳам, ба рӯҳафтодагӣ тан дарнадодед ва ба нияти таҳсил аз Исфара озими пойтахти кишварамон шудед. Факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанберо бомуваффақият хатм намудед. То гузаштан ба корҳои масъули ҳизбиву давлатӣ солиёни дароз омӯзгор будед ва ба рӯи насли наврас дари илму донишро боз кардед, ҷаҳони тафаккури онҳоро бо тозагулҳои муаттари маърифат зинат бахшидед. Ин кори пуршарафро ба ҳайси директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и пойтахт ва мудири маорифи ноҳияи Фирдавсӣ ҳам идома додед. Се дафъа вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияи Фирдавсии пойтахт интихоб шудед. Инчунин, соли 1981 вакили Анҷумани 19-уми Ҳизби коммунисти Тоҷикистон будед. Аз вазифаи муовини раиси ҳамин ноҳияи шаҳри Душанбе сарбаландона ба нафақа баромадед. Хидматҳои шумо аз тарафи давлату миллат ба таври шоиста қадр шудаанд.
Вале мо — фарзандон оё ҳамеша ба қадри заҳматҳои шумо расида бошем? Оё шумо ҳамеша аз мо розӣ будед? Мабодо овора аз пушти ташвишҳои зиндагӣ гоҳҳо фаромӯш карда бошем, ки шумо низ бо ҳама бузургии худ ба таваҷҷуҳу навозиш ва ғамхориву дастгирии мо ниёз доред? Мабодо нисбати шумо кӯтоҳие аз мо гузашта бошад? Акнун, ки аз бари мо ногаҳон рафтед, ин фикрҳо моро азият медиҳанд.
Модари ҷонам, дар дилам гапҳои зиёде доштам, ки ногуфта монданд, нисбати шумо бисёр ниятҳои нек доштам, ки дигар ҷомаи амал намепӯшанд. Мехостам қарзи муқаддаси фарзандиамро комилан ба ҷо оварда бошам, ҳарчанд медонам, агар мо – фарзандон умри худро пурра сарфи хидмати шумо намоем ҳам, он ба ранҷи якшабаатон, ки сари гаҳвораи мо кашидаед, баробар нахоҳад шуд.
Модарам боғест,
Меваҳое аз дуо дорад.
То бихонад халқи оламро сари он
Модарам атри Худо дорад…
Замира АМИРБЕКОВА, шаҳри Душанбе