Нӯшдоруи маънавии миллат

№30 -31 (3667 - 3668) 18.03.2017

Rahbar DonishОғози садаи ХХ барои миллати тоҷик хеле сарнавиштсоз ҳисоб ёфта, даврае буд, ки барои эҳёи дубораи давлатдории тоҷикон боз як имконияти таърихиро пеш овард. Хушбахтона, сарфи назар аз муборизаҳои шадиди пантуркистон ва дигар бадхоҳони миллат дар он давраи хеле ҳассос ва пур аз хавфу таҳдид ёфт шуданд фарзандони ҷонфидо чун Садриддин Айнӣ, Собит Манофзода, Муҳаммад Мусавӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Ҷалол Икромӣ, Баҳриддин Азизӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Турақул Зеҳнӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Раҳим Ҳошим, Муҳаммадҷон Ҳасанӣ, Назрулло Бектош, Уйғур, Ҷабборӣ барин ватану миллатдӯст, ки ин фурсати муносибро дуруст дарк, баҳогузорӣ ва мавриди истифода қарор доданд.

Мавриди зикр аст, ки чун ҷангҳои иттилоотии имрӯза он солҳо низ матбуот аз муҳимтарин силоҳ дар роҳи мубориза барои истиқлолиятхоҳӣ маҳсуб меёфт. Бинобар ин, фитрати азалии тоҷикона даст дод, ки адибону қаламкашони тоҷик дилпурона худро ба майдони мубориза ворид созанд ва ба таъсиси аввалин рӯзномаи тоҷикӣ «Бухорои Шариф», ки 105 — солагиашро имсол ҷашн гирифтем, муваффақ гарданд. Аз нашрияҳои дигари он замон, ки дар худшиносии миллӣ нақши муҳим бозидааст, маҷаллаи «Раҳбари дониш» ба шумор меравад.

Дар арафаи 105 — солагии Рӯзи матбуоти тоҷик ва 90 – солагии таъсиси маҷаллаи «Раҳбари дониш» пешкаши ҳаводорон гардонидани китоби «Раҳбари дониш» — маҷаллаи маорифӣ ва адабӣ» бо қалами рӯзноманигори хушсалиқа Хуршед Андамов беҳтарин арҷгузорӣ ба хизмати гузаштагон мебошад, ки ба он профессор Абдусаттор Нуралиев пешгуфтор навиштаанд.

Дар китоб сухан аз таърихи пайдоиш ва ташаккули маҷаллаи «Раҳбари дониш», авзои тезутунди сиёсӣ – иҷтимоӣ ва фарҳангии солҳои 20 – 30 – юми асри ХХ меравад. Масъалагузориҳо мавриди мактабу маориф, хусусан маҳви бесаводӣ, тарғибу ташвиқи мактабҳои шакли нав, чопи адабиёти таълимӣ, тақсимоти ҳудудӣ – марзӣ, муносибатҳои миллӣ, вазъи адабӣ, мубоҳисаҳо дар атрофи алифбо ва забони адабии тоҷик паҳлуҳои дигари фаъолияти масъулони маҷалларо ташкил медиҳад.

Дар доираи танги  як мақола баррасӣ намудани он ҳама хизмате, ки маҷалла дар роҳи нангу номуси ватандорӣ ба ҷо овардааст, имкон ва эҳтиёҷ надорад, зеро китоби тозанашр фарогири паҳлуҳои зиёди фаъолияти маҷаллаи номбурда мебошад. Умед ба он мебандем, ки муаллифи китоб Х.Андамов ҷустуҷӯҳои худро идома бахшида, ояндаи наздик оид ба маҷалла, муассисон, қаламкашон ва дигар саҳмгузорони он маълумоти бештареро дар шакли китоби ҳаҷман бузург тақдим месозад.

Дар китоб, ки аз 126 саҳифа иборат буда, ба истиснои бобҳои анъанавӣ боз чор боби асосиро дар бар гирифтааст,  дар қатори осори публитсистони тоҷик, инчунин, мақолаҳои роҳбарони он давраи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Абдуқодир Муҳиддинов (нахустин Сарвазири Тоҷикистон), Аббос Алиев (нахустин вазири маорифи Тоҷикистон) ва дигарон низ нашр шудааст.

Дар маҷмӯъ, китоби номбурдаро метавон ҳамчун  сарчашмаи муътамад барои дарёфти маълумот барои мутахассисон, устодону донишҷӯёни соҳа пазируфт.

Мирзо РУСТАМЗОДА,

«Садои мардум»