Бо дуои неки падар

№46 (3683) 29.04.2017

Файзи Ашур, Гурез Сафар, Ашур СафарШоири шинохта Файзи Ашӯр аз зумраи он эҷодкорон аст, ки аз як маҷмӯа то маҷмӯаи дигари  ашъор бо роҳи хоси эҷодӣ қадам гузошта, пайваста талош меварзад, ки ба дигарон муқаллид набошад. Ӯ аз падар — Шоири халқии Тоҷикистон Ашӯр Сафар пешаи шоириро ба мерос гирифтааст ва ба он талош меварзад, ки меросбари ҳақиқии қиблагоҳ бошад. Маҷмӯаҳои «Карашмаи субҳ», «Касби падар», «Хоки роҳ», «Ғамномаи нотамом», «Дунёи саҳна», «Ғизои андеша», «Рози оина» аз маҳорати баланди эҷодӣ ва заҳматписандиаш гувоҳӣ медиҳанд.

Соли 2016 аз тариқи нашриёти «Адиб» маҷмӯаи ашъори шоир бо номи «Аз пайраҳа то роҳ» ба табъ расид, ки аз панҷ фасл – «Мояи ифтихор» (Ватан ва муқаддасоти он), «Дар сояи гесӯи ёр» (ошиқона), «Сели андуҳ» (сӯгвориҳо), «Боди ваҳшат» (ашъори даврони ҷанги шаҳрвандӣ), «Назари гарм» (андешаи беғараз) иборат аст. Маҷмӯа бо «Суруди Тоҷикистон», ки аз чор банди думисраӣ иборат аст, оғоз меёбад ва азбаски мисраъҳо дар қолаби чор маротиба такрор ёфтани рукнҳои панҷҳиҷоӣ сохта шудаанд, шоир ҳар мисраъро ба ду ҳисса ҷудо кардааст:

Накудиёрам, худихтиёрам, ба ҳоли форам қарор дорам.

Магӯй хорам, низору зорам, ки дар канорам баҳор дорам.

Ба андешаи мо «Суруди Тоҷикистон» аз нигоҳи лафз ва маънӣ комил буда, моломоли ғояи ватандӯстӣ, ифтихор аз сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад ва истифода аз шеваи халқӣ, чун калимаҳои «баробаришон, бародаришон» мазмуну моҳияти онро баландтар намудааст.

Ҳама баробар, ҳама бародар, саодат инро ба худ шуморам,

Баробаришон, бародаришон шуд ифтихорам, салоҳи корам.

Умуман, боби «Мояи ифтихор»-ро метавон як навъ меҳрномаи шоир ба меҳани азиз ва муқаддасоти он шумурд. Ин боб аз шеърҳои «Асрҳо», «Меҳри миллат», «Бо ту равонаем», «Мужда», «Рози бунёдгар», «Тоҷикистон», «Истиқлол», «Биё, эй тоҷикистонӣ», «Муборак аст», «Наврӯзӣ» ва ғайра иборат буда, муаллиф зебоию таровати табиати диёр, шукӯҳу ҷилои истиқлоли Меҳан, сарфарозию шодмонии ҳамватанонро дар фазои амну ободии кишвар тараннум кардааст.

Пешрафти Ватан шоирро ба ваҷд меорад ва ӯ бо дидаи борикбин дастовардҳоро бо  образҳои ҷолиб ба риштаи тасвир кашидааст:

Раҳи мо аз ҷигари кӯҳ гузар пайдо кард,

Кӯҳсор аз асараш қадри дигар пайдо кард.

Аз дили кӯҳ хабар ёфтан осон гардид,

Он замон, к – аз дили мо кӯҳ хабар пайдо кард.

Қисмати алоҳидаи ин бобро сурудҳои ватандӯстона  фаро мегиранд ва дар онҳо низ адиб кӯшидааст, ки бо нигоҳи ҷадид аз нуфузу эътибори миллату давлат сухан гӯяд. Шоир таъкид кардааст, ки маҳз меҳру муҳаббати ватандорӣ, садоқати бепоён ва дар қалби кӯчак ҷой додани меҳри бузурги Ватан шахсро дар ҷаҳон комёру садрнишин месозад. Ба қавли шоир ватандорӣ — ватансозист:

Ба асли худ назар созем,

Ватанро хубтар созем.

Самарқандона сабзида,

Бухорои дигар созем.

Ӯ бо забони рангинкамону сабзаю об, нуру субҳ, дашту даман, замину осмон сухан мегӯяд ва ба ҳам омадани нуру обро бо сабку услуби нав ба хонанда муаррифӣ мекунад:

Ин чӣ эъҷоз, ки ҳамном надорад ҳаргиз,

Ин чӣ пардоз, ки рассом надорад ҳаргиз.

Ҳафтранг аст, ки чун ҳосили васл аст аён,

Чун ман огоҳ шав аз қадри ба ҳам омадагон!

Нуру обанд, ки ин лаҳза ба ҳам омадаанд,

Аҷаб ин аст, ду беранг чунин рангинанд.

Қисмати дувуми китоб «Дар сояи гесӯи ёр» номгузорӣ шуда, аз 50 шеъру ғазал ва 21 рубоию дубайтӣ таркиб ёфтааст. Ашъори ин бахш сӯзу гудози ошиқ, назокату накҳат, зебоию таровати маъшуқа, лаҳзаҳои бебозгашти фироқу висоли ҷавонӣ, аҳду паймон, хатою бевафоӣ ва самимияту ҷонфидоии дилдодаҳоро тараннум менамоянд. Шеърҳои «Таронаи бахт», «Пушаймонӣ», «Дигар маро махоҳ», «Тӯри борон», «Ҳамел», «Дарди интизорӣ», «Дасти хаёл», «Ёди ту», «Оштӣ», «Васл», «Гадои кӯйи ишқ», «Майл» ва амсоли инҳо бозтоби матонату устувории дилдодагон аст. Ошиқ дар тасвири шоир нафарест, ки хирому ҷилваҳои ёри азизро аз хирому карашмаи садҳо товусу тазарв боло мегузорад ва дар гунаҳои дилбари ӯ маҳтобу офтоб ғунҷидаанд. Подоши чунин матонат ва устуворӣ қарину якҷо гардидани қалбҳо мебошад:

Ҳар ду бас сер нагаштанд зи дидори шафақ,

То сари субҳ дуоҳои тилойӣ гуфтанд.

То зи нав сурмаи заррини шафақро ёбанд,

Ба дари хонаи хуршед гадойӣ рафтанд.

Қисмати сеюми китоб — «Сели андуҳ» аз 26 шеъри адиб дар сӯгвории падари бузургвораш  эҷод шуда, дар онҳо шоир аламу андуҳи ҷудоиро бо маҳорати хос ва муассиру хотирмон тасвир намудааст. Баъд аз реҳлати падар ба олами улвӣ фарзанд аз ҳар як ашё ва макон симои падарро ҷӯё мешавад ва аз ҳар як мушоҳида образи падарро ҳамчун муқаддастарин шахси рӯзгор ба тарзи мукаммалу ҷовидона офаридан мехоҳад:

Вақти видои ту,

Мотам шукуфт дар дили пажмурда боғҳо,

Ҳар як дарахти шаҳр ба зону заду гирист,

 Гардид хушк дар лаби ҷӯ хандаҳои тар.

Парвоз кард аз пайи парвози рӯҳи ту,

Аз қалбҳо сурур,

Аз дидаҳо шарар.

Қисмати дигари марсияҳои Файзи Ашӯрро шеърҳои дар сӯгвории додари ҷавонмаргаш – Бахтиёри Сафар эҷоднамуда ташкил медиҳанд. Ашки пурсӯзи шоир ҳанӯз аз мотами қиблагоҳ ба пуррагӣ хушк нагардида, тири дигари ҷонкоҳ ҷигари ӯро мешикофад:

Додарам буду ошноям буд,

Ҳамдилам буду ҳамсадоям буд.

Аз бало баҳри ӯ сипар будам,

Ӯ сипар аз ҳама балоям буд.

Файзи Ашӯр аз ин имтиҳони дигарбораи зиндагӣ низ сарбаландона гузашта, марсияҳои дилрешкунанда офаридааст ва дарди қаҳрамони ғиноии чунин ашъори ӯ ифшогари сӯзу гудози садҳо ва ҳазорон падару бародаргумкардаҳо гардидааст.

Қисмати панҷуми китобро фасли «Назари гарм» ташкил медиҳад, ки аз 75 ғазал, 54 рубоию қитъа ва 63  фард иборат мебошад. Адиб дар ғазалҳои худ тавонистааст ба тозакориҳое чун «дастархони гуфтугӯ», «ҳусни хати андешаҳо», «сафҳаи эҳсос», «ахтарони ашк», «хуни сиёҳи нома», «ашъори печ дар печи мавҷ», «гӯши хома», «лаҷоми аспи мастӣ», «духтари обрӯ», «самои васл», «аскарони дандон», «шафақшерозаи заррин», «мӯқалами обшор», «олуфтаҳузур», «лаби дилоҳанг» ва амсоли инҳо даст ёфта, маънии байту ғазалҳоро  барҷастатар созад:

Вақти он омад, ки бо хонанда гардам рӯ ба рӯ,

Паҳн созам пеши ӯ дастархони гуфтугӯ.

Аз нигоҳаш пай барам ҳусни хати андешаҳо – ш,

Дар ҷабинаш акс ёбад сафҳаи эҳсоси ӯ.

Ҳамин тариқ, китоби «Аз пайраҳа то роҳ»-и Файзи Ашӯр бо мазмуну муҳтаво, услуби нигориш ва рӯҳи созандаву омӯзанда ба ғановати ҷаҳони маънавӣ ва завқу салиқаи хонанда мусоидат карда, ӯро ба хештаншиносию  ифтихори миллӣ, озодандешӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ ҳидоят мекунад. Гузашта аз ин, асар ба Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода пешбарӣ шудааст ва барҳақ онро сазовор аст.

Аламхон КӮЧАРОВ,

Нурмад ШАМСОВ