Тибқи дастуру пешниҳодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон касбу ҳунарҳои аҷдодӣ аз нав эҳё гардида истодаанд. Имрӯз қариб дар ҳама шаҳру ноҳияи мамлакат корхонаҳои хурди саноатӣ, коргоҳҳои атласу адрасбофӣ арзи вуҷуд мекунанд, ки дар онҳо хоҳишмандон ҳунарҳои асилу зебои ниёгонамон – наққошӣ, кандакорӣ, кулолгарӣ, заргарӣ, оҳангариро омӯхта истодаанд.
Офаридаҳои ҳунармандони мардумӣ торафт замонавӣ гардида, касро мафтун месозанд. Маҳорат ва малакаи пешаварони чирадаст, мардуми зебопарастро ба дарки унсурҳои санъати миллии тоҷикӣ водор мекунад.
Ин буд муҳтавои конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ — назариявие, ки ба муносибати 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ зери унвони «Саҳми ҷавонон дар рушду нумӯи ҳунарҳои мардумӣ» 27 апрел дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимни ҳамоиш, инчунин дар толори донишкада сарулибоси бо тарҳи замонавӣ дӯхташудаи тарроҳон намоиш дода шуд, ки аз ҳунари волои омӯзгорон гувоҳӣ медод.
Ректори донишкада Ҷамшед Ғанизода доир ба «Проблемаҳои омӯзиши таърихи кишвар, ташаккул ва инкишофи санъати амалии Тоҷикистон» баромад кард.
Сипас, устоди донишкада Бикамоҳ Ёғибекова, ходимони пешбари Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш Муъмина Шовалиева, Тӯтинисо Ашӯрмамадова ва дигарон андеша баён карданд.
- Роҳбарияти Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон пайи он мекӯшанд, ки шогирдони сазоворро ба камол расонанд, то ҳунарҳои мардумӣ ва санъати дизайн ривоҷу равнақ ёбанд, — гуфт дар анҷом Ҷамшед Ғанизода.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум»