Бародари қиёматӣ

№82 (3719) 11.07.2017

(Очерк)

укеАз рӯзгори ҳамдеҳаам ҳоҷӣ Баҳром қиссаҳои бисёр шунидаам, аммо боре имкон нашуд, ки соате ҳамроҳаш бинишинам ва аз забонаш ҳақиқати ҳолро фаҳмам. Бо ин ният роҳи боғи овозадори ӯро пеш гирифтам. Боғе, ки дар масоҳати се гектар, дар соҳили дарёи Сурхоб, дар як замини регзору пур аз санг бунёд шудааст. Гоҳе, ки сухан дар бораи боғи Баҳром меравад, ҳамдеҳаҳо ҳалолаш бод, мегӯянд. Аҳсант ба ӯ. Ҳеҷ кас умед надошт, ки дар замини қумзор, ки гарди хок ёфт намешуд, боғ бунёд шавад. Дар ҷавонӣ Баҳроми тракторист буд, баъд механику инженер. Ҳоло бо эҳтиром хурду калон ҳоҷӣ Баҳроми боғпарвар мегӯянд.

Мӯйсафедро таги дарахти себ пайдо кардам. Меваҳои пеш аз маҳал рехтаро меғундошт.

- Ҳамин меваро ҳам мефурӯшед,- баъди салому алейк нимшӯхию нимҷиддӣ пурсидам аз ӯ.

- Намефурӯшам, лекин дар рӯзгори худам сарф мекунам, — гуфт мӯйсафед. — Шарбати хуб мешавад. Хушк мекунам ва то ҳосили нав фарзандону наберагон аз он истифода мебаранд.

Дастамро гирифт ва ба канори боғ бурд, ки палос партофта буду кӯрпачаю болишт. Нишаст ва даст ба дуо бардошт. Ба вай пайравӣ кардам.

- Роҳи боғи моро ҳам меёфтаӣ, — гилаомез ба гап сар кард акаи Баҳром. – Вақте ҳосил мешавад, орзу мекунам, ки хешу табор, ёру ошно биёянд,  барои бачаҳошон меваи тару тоза баранд.

- Меоям, албатта, меоям, — гуфтам дар ҷавоб. — Имрӯз ба дигар хотир омадам. Омадам, ки як пораи рӯзгоратро  бароям қисса кунӣ. То ҳанӯз намедонам, ки ба кадом хотир дар назди хоҷагии давлатӣ дастаи ҳунарӣ ташкил кардӣ?

Табассум мекунад.

- Ту қиссаи дигар наёфтӣ, ки «пайи хирси порина мековӣ». Чӣ қадар сол гузашт аз байн…

Чеҳрааш тағйир меёбад ва ба андеша меравад.

Ман ҳам пирамардро ба ҳоли худ вомегузорам ва бобати дастаи ҳунарие, ки Баҳроми механик ташкил карда буд, андеша мекунам.

Дар мактаби деҳа таҳсил мекардам. Дар деҳа овоза шуд, ки Баҳром дастаи ҳунарӣ ташкил додааст. Ҷавонони ҳунармандро атрофаш ҷамъ карда, бо пули худ асбоби мусиқӣ харид. Мо бачаҳои кунҷков баъди дарс ба ҷои машқи дастаи ҳунарӣ мерафтем. Дар байни онҳо бачаҳои мактабхон ҳам буданд. Онҳо дар чойхонаи куҳнаи деҳа, ки баъди бунёди чойхонаи нав ба кинотеатр табдил доданд, машқ мекарданд. Зимистон буд. Машқгоҳ бухорӣ надошт, аммо ҷавонҳои санъатдӯст аз хунукӣ шикоят намекарданд. Бо дили гарм ба кор часпиданд. Он солҳо сафи ҷавонони ҳунарманд дар деҳот хеле зиёд буд.

Бори аввал рубобро дар дасти Баҳром дидаму ҳайрон шудам. Хуб менавохт. Баъди омода намудани як барномаи консертӣ дар чойхонаи деҳа, дар ҳузури калонсолон ҳунарнамоӣ кард. Ҳайф, ки умри дастаи ҳунарӣ кӯтоҳ будааст. Фақат панҷ-шаш моҳ фаъолияташ идома ёфт. Барои идомаи кор Баҳром маблағ наёфт. Касе аз роҳбарони вақти хоҷагии давлатӣ онҳоро дастгирӣ накард.

- Агар саргузашти маро бишнавӣ, чанд китоб мешавад, — гуфт ҳамсуҳбатам. Соле, ки мактаби ҳафтсолаи деҳаро хатм кардам, ба колхози мо ҳам техникаи нав оварданд. Мутахассис набуд. Ману Қиёми Мӯсо ба Омӯзишгоҳи касбҳои техникии ноҳияи Тоҷикобод дохил шудем. Се сол таҳсил кардем ва ҳуҷҷат дар даст ба деҳа баргаштем. Раҳматии акаи Абдусаттор раиси колхоз буду раҳматии акаи Қандил раиси ҷамоат. Насиҳати бисёр карданд ва ба ҳар дуямон як трактор доданд. Се сол замин шудгор кардем. Шароит вазнин буд. Ҳатто сарулибоси дуруст надоштем. Як бегоҳ корманди масъули Кумитаи ҳизби ноҳия Ёров ба деҳаомад. Бо либосҳои пора-пора шарм кардем, ки ба ҳузури ӯ равем. Бачаҳои ҳамсинни мо ба хизмати аскарӣ рафтанд, аммо ҳангоми даъват раиси колхоз ба комиссариати ҳарбӣ мерафту зорию тавалло мекард, ки моро муҳлат диҳанд. Мутахассиси хубу коргарони бовиҷдон ҳастанд, мегуфт раис ба комиссар. Онҳо ба хизмат раванд, кори колхоз мемонад. Биноан, дар 21- солагӣ ба хизмати Ватан рафтам. Баҳори соли 1962 буд. Маро ба шаҳри Тошканд бурданд. Аз ноҳияи Ғарм ду нафар будем, як нафар аз Ҷиргатол — додари картошкапарвари номдор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Сайлӣ Раҳмонова — Қутбиддин Раҳмонов. Аз таҳти дил хизмат мекардем. Командири қисми ҳарбӣ  Яҳёеви озар буд, ки ба қадри ҷавонони меҳнаткаш мерасид. Пас аз як-ду моҳи хизмат маро дар гаутвахт — маҳбас нозир таъин кард.

Соли аввали хизмат ба поён расиду ба қисми мо аскарбачаҳои нав омаданд. Дар байни навомадагон як ҷавони лоғари зебое буд, ки хеле кам ҳарф мезад. Боодоб, ҳалим ва хушгуфтор. Диққати маро ба худ ҷалб кард. Як рӯз ӯро даъват кардаму пурсидам:

- Аз кадом гӯшаи Тоҷикистон омадӣ?

- Аз Помир, — кӯтоҳак посух дод ӯ.

- Номат чӣ? — пурсидам ман.

- Қиматшоҳ !

- Номат ба худат мувофиқ будааст, — гуфтам ба ӯ.

Ҳамин тариқ, ошноии мо оғоз шуд. Ҳар рӯз як-ду бор ба суроғаш мерафтам. Бо ӯ суҳбат кардан бароям гуворо буд. Як рӯз ба ӯ гуфтам, ки ягон асбоби мусиқиро навохта метавонӣ?

- Кадомаш, ки ба шумо маъқул шавад, менавозам, — гуфт беистиҳола.

Акнун ман старшинаи қисми ҳарбӣ будам. Командирҳо барои интизоми хуб ва иҷрои саривақтии супоришҳо эҳтиромам мекарданд. Ҳатто командири баталион Юрий Гречко, ки афсари дағалу сахтгир буд, бо ман хуб муносибат мекард. Медал ҳам гирифтаму маро ба узвияти ҳизби коммунист қабул карданд. Ин шараф ба ҳар кас насиб намегардид.

Рӯзе ҷавоб гирифта, бозор рафтам. Як рубоби хуби тошкандӣ харидам. Қиматшоҳ рубобро диду чеҳрааш тағйир ёфт. Ҳамон рӯзҳо дарди меъда азобаш медод. Гумон кардам, ки як лаҳза ҳама чизро фаромӯш кард. Рубобро ин тараф он тараф гардонд.

- Тори қафқозӣ набуд? Ман беш аз ҳама навохтани ин торро нағз мебинам, — гуфт Қиматшоҳ.

Ҷӯрашро соз кард ва як мусиқии шӯх навохт. Аз ин ба баъд ҳар рӯз ӯ менавохту ман гӯш мекардам.

Назди Яҳёев даромадам ва арз кардам, ки аскар Шоискандаров ба бемории захми меъда гирифтор аст. Хуб мебуд, ки ӯро ба гурӯҳи навбатдорони қисм дохил мекардед. Пешниҳодамро не нагуфт. Соатҳои фориғи кор ба хонаи сиёсӣ меомадам ва Қиматшоҳ бо рубоб беш аз як соат менавохт. Ӯ менавохту ман ба ёди Ватан сукут меварзидам. Ӯ менавохту ман мегиристам.

- Баҳром, биё ба ту навохтани рубобро ёд диҳам, — боре пешниҳод кард ӯ.

- Ёд мегирифта бошам? — гуфтам ман.

- Агар хоҳишу рағбат дошта бошӣ, ба санъат меҳрат бошад, ёд мегирӣ.

Беҷуръатона рубобро ба даст гирифтам. Мизроб аз дастам меғалтид. Баъди панҷ-шаш моҳ оҳангҳои ӯро ёд гирифтам.

- Баъди хизмат якҷоя ба театри Хоруғ меравем, -шӯхӣ мекард Қиматшоҳ.

- Беҳтараш ба Ғарм меравем, -ҳозирҷавобӣ мекардам ман. — Дар Бадахшон ҳунарманди номдор бисёр аст.

Як рӯз командирони қисми ҳарбӣ ба хонаи сиёсӣ даромаданду рубобро он ҷо дида, ҳайрон шуданд.

- Гоҳо бачаҳои ҳунарманд менавозанд, — гуфтам ба онҳо.

Бегоҳ Яҳёеви озар омаду гуфт, ки канӣ рубобро ба даст бигир. Қиматшоҳро ҷеғ задам. Ду-се оҳанги тоҷикӣ навохт. Баъд оҳангеро навохт, ки ман нашунида будам. Яҳёев ба курсӣ нишасту сукут варзид. Оҳанг­ро то охир гӯш кард ва ба китфи Қиматшоҳ дасташро бо навозиш гузошт.

- Ҳалолат бод аскар! Агар имконият шавад, ман барои ту як тори озарӣ мефармоям, -  гуфт ӯ.

Баъди аз дар баромадани Яҳёев Қиматшоҳ ба ман фаҳмонд, ки ин оҳанг яке аз оҳангҳои машҳури мардуми Озарбойҷон аст.

Болотар гуфтам, ки Қиматшоҳ гирифтори дарди меъда буд. Як бор дардаш авҷ гирифт. Дар беморхона хобонданд. Рӯзе чанд бор ба аёдат мерафтам. Бо духтурон маслиҳат мекардам ва ғизои фармудаашонро меовардам. Растаниҳои шифобахшро аз бозор мехаридам.

- Баҳром, туро хеле ранҷ додам, -рӯзи аз беморхона баромаданаш гуфт Қиматшоҳ. — Як умр фаромӯш намекунам.

Ман ӯро ба оғӯш кашидам.

- Ту бародари қиёматии ман ҳастӣ. Шукр Худованд аз модари дигар бароям бародарони хуб додааст. Туро қатори онҳо дӯст медорам.

- Чунин ғамхориро бародар ба бародари ҳамхун намекунад.

Қисса кӯтоҳ ба зодгоҳам ноҳияи Ғарм баргаштаму пайи зиндагӣ гаштам.  Муовини инженер таъин шудам. Шукр, ки давоми се сол сафи ронандаву тракторист дар колхоз зиёд шуд. Хонадор ва соҳиби фарзанд шудам. Субҳ мебаромадаму нимаи шаб бо сарулибоси равғанолуд бармегаштам. Баъдтар инженер таъин шудам. Рӯзе ба дафтари кории раис даъват карданд. Гуфтанд, ки маълумоти олӣ надорӣ, дар ин вазифа кор карданат мумкин нест. Ариза навиштаму боз ба вазифаи пештараам баргаштам. Дигар имкони ба шаҳрҳои дур рафтан надоштам. Аҳён-аҳён вақти холӣ пайдо мешуд, дӯстон, аз ҷумла Қиматшоҳро ёд мекардам. Оҳанг­ҳои эҷодкардаашро аз радиои Тоҷикистон мешунидаму ифтихор мекардам. Махсусан, оҳангҳои «Эй ситораҳо!» (бар шеъри Ҳадиса), «Моҳи Шуғнон» (шеъри М. Ҳайдаршоҳ), «Бе ёр натвонам нишаст», «Боғбони гул» (шеъри П. Сулаймонӣ), «Чароғҳо», «Сӯзи ишқ» (шеърҳои Ҳ. Мавҷуда) ва ғайра номашро маъруф карда буданд.

Тобистони соли 1973 буд. Як рӯзи гарми тобистон дар деҳаи Ҷафр гандум медаравидем. Комбайн аз кор баромад. Қиёми Мӯсо хоҳиш кард, ки ба вай ёрдам кунам. Пайи таъмири он овора будам, ки ҷавоне ба наздам омаду гуфт:

- Акаи Баҳром, дар назди магазини деҳа шуморо марди ношиносе суроғ дорад.

Аз дур шинохтам ӯро. Қиматшоҳ буд. Намедонам дар чанд сония ба ӯ наздик шудаму ба оғӯш кашидам. Гоҳ механдидему гоҳ мегиристем. Баъди 8 сол ба дидори якдигар расидем, ба дидори бародари қиёматиам.

- Гуфта будам, ки ба Ғарм меоям, — такрор ба такрор мегуфт Қиматшоҳ. Ба деҳаи Нимич рафтам, гуфтанд, ки Ҷафр рафтааст.

Ҳамроҳ ба деҳаи Нимич баргаштем. Хешу табор, ёру ошно ҷамъ шуданд. Қиматшоҳ гоҳ тор менавохту гоҳ ба суҳбат ҳамроҳ мешуд. Баъди гусели меҳмонон ҳар ду танҳо мондем. То сафед шудани рӯз суҳбат кардем. Дар бораи Бадахшон қисса мекард, зебогиҳои диёрашро васф менамуд. Дар хизмати аскарӣ буданамонро ба хотир овард. Аз ҳаёти баъди хизматии хеш, кор дар театри вилоятӣ ҳикоя мекард ва аз зиндагии ман мепурсид…

Саҳарӣ Қиматшоҳ гуфт, ки театри онҳо бо барномаи консертӣ ба водии Рашт омадааст. Имрӯз ба маркази ноҳияи Ғарм (Рашт) меоянд. Ман пештар омадам, ки туро ёфта бинам. Насиб бошад, театрро ба деҳаи Нимич ҳам меорам.

Сафари ҳунарии ӯ дар водии Рашт аз як ҳафта зиёдтар давом кард. Дар гурӯҳ санъаткорони театри Хоруғ Майсара Дилдорова, Султонмаҳмуд Абдумамадов, Шер Пӯлодов, Заррагул Искандарова, Убайд Соҳибназаров, Маъруфшоҳ Мазҳабшоев буданд, ки баромадашонро бо қарсакзании пурмавҷ истиқбол мекарданд. Консерт, ки тамом мешуд, Қиматшоҳ ба хонаи ман меомад. Шаби охирин аз ноҳияи Ҷиргатол баргашт. Қутбиддин Раҳмонов ҳамроҳаш буд. Аз дар даромаду бо овози баланд шиква кард:

- Сағира ба гапам гӯш накард. Гуфтам, ки имшаб дар Лахш меҳмон мешавӣ, хешу таборро даъват мекунем, субҳ меравӣ. Розӣ нашуд. Баҳром мунтазир аст, гуфт.

Баъди дидорбинӣ бо Қиматшоҳ ба қароре омадам, ки аз ҳисоби ҷавонҳои деҳа як дастаи ҳунарӣ ташкил мекунем. Ибтидо пешниҳодам ба калонҳои хоҷагӣ писанд буд, аммо дастгирӣ накарданд. Хоҷагии давлатии мо як хоҷагии сарватманд буд, метавонист дар тарбияи санъаткорони ҷавон саҳм бигирад. Афсӯс…

Бори сеюм, тирамоҳи соли 1978 танҳо ба Ғарм омад. Гуфт, ки Душанбе омадаму зиқ шудам. Омадам, ки як бори дигар туро бинам. То ними шаб суҳбат кардем. Бештар дар бораи оилааш ҳарф мезад. Мегуфт, ки фарзандонаш калонтар шаванд, дигар армон надорад. Дилам гувоҳӣ медиҳад, ки умри ман кӯтоҳ аст.  Ӯро сарзаниш кардам.

Соли 1975 бахшида ба 50-солагии таъсисёбии ВМКБ ба пешқадамони истеҳсолот, кормандони маориф ва санъат ордену медал ва унвонҳои ифтихорӣ доданд. Аз ҷумла, дӯсти солҳои ҷавониям Қиматшоҳ Шоискандаров бо унвони Ходими шоистаи санъати РСС Тоҷикистон сарфароз гардид.

Хабари марги дӯсти азизам, оҳангсози барҷастаи тоҷик Қиматшоҳ Шоискандаровро худораҳматии муаллим Бандаалӣ Хаёлов ба ман расонд. Гуфт, ки дар рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» сӯгвории Гулрухсор Сафиеваро таҳти унвони «Дӯсти қимати ман»-ро хондааст. Як моҳ пеш фавтидааст.  Дар танҳоӣ барои ӯ гиристам.

Хостам ба зиёрати хонаи охираташ равам, аммо он айём ба Бадахшон рафтан осон набуд. Гоҳо ба хобам медарояд. Ҳамон хел ҷавону бардам аст. Сухане намегӯяду бо меҳр ба чеҳраи ман менигарад. Шояд маро ба назди худ мехонад. Умри ман ҳам ба ҷое расид. Ба ҳафтоду шаш қадам гузош­там. Баъзан ба бачаҳо бо шӯхӣ мегӯям, ки падарам, бародарам, амаку тағоям, беҳтарин дӯстам Қиматшоҳ Шоискандаров умри дароз надиданд. Модарам сиёҳпичамарг шуд. Магар аҷал маро фаромӯш карда бошад?

 Диловари МИРЗО, «Садои мардум»