Ҳунармандест басо муҳташам ва мураккаб, ба ҳадде ки чизе дар борааш навиштан корест на содаву осон. Ҳамин қадар метавон гуфт, ки Худованд ӯро маҳз барои саҳна офаридааст. Саҳнаи ҳунар. Қаду қомати расо, дасту бозувони қавӣ, чеҳраи зебои ориёияш басо саҳназебу назаррабост.
Ба андешаи ман, касе дар саҳнаи ҳунар мисли ӯ фидоиву ҷоннисор, сарсупурдаву содиқ, заҳматкашу машаққатпазир набудаасту нахоҳад буд. Барои Ҳошим Гадо азизтар ва муҳимтар аз кори эҷодӣ, аз иҷрои нақшҳо дида, чизи дигаре вуҷуд надорад. Падару модар, зану фарзанд, ёру пайванд барои ӯ танҳо саҳнаи ҳунар ва нақшҳояш буданд…
Аз худ гузаштан, аз маишати зиндагиву роҳати хонаводагӣ сарфи назар кардан, ба хотири санъат худро қурбон намудан танҳо хоси Ҳошим Гадост. Ин ба ӯ мезебад, ин ба ӯ равост…
Қомати баланду чеҳраи нуронии ӯ на танҳо зеби саҳнаву киност, балки зеби кӯчаҳои Душанбе, зеби Тоҷикистон аст. Дар ҷодаҳо бардаму устувор қадам мемонад ва пайваста ғарқи андеша аст.
Солҳои пеш ҷузвдонаш сангҳои варзишӣ доштанд, ҳоло китоб. Дар ҷавониву миёнсолӣ пайваста ба варзиши бадан, обутоби ҷисм шуғл меварзид, ҳоло бошад, бештар ба варзиши ақлу идрок, андешаву афкор машғул аст, аммо аз ҳоли ҷисму тан ҳаргиз фориғ нест. Ба неруву ҳарорат ва ҳаракоти хастагинопазири ӯ кас ҳасад мебарад. Зӯри андешаву афкораш низ чунон қавӣ аст, ки баъзан дарку шарҳи як ҷумла гуфтораш соатҳо тӯл мекашад…
Дар бораи ӯ бисёр навиштанду гуфтанд, барномаву филмномаҳои зиёде таҳия карданд, вале ҳамаи он арзиши якрӯза ҷонканиву машаққати эҷодӣ, асабонияту ҳаяҷон ва эҳсосоти ҳунарварии ӯро баёнгар буда наметавонад.
Вақте ба кор, ба эҷод машғул мешавад, аз кайҳон неру мегирад ва ба худу худиҳо раҳме намекунад. Вале мавридаш ояд, аз ӯ дида хоксортару мушфиқтар касеро намеёбӣ…
Давраи аввали шуҳрату эътибор ва мақому ҷойгоҳи театри касбии тоҷик, агар ба бузургоне чун Аслӣ Бурҳонов, Муҳаммадҷон Қосимов, Тӯҳфа Фозилова, София Тӯйбоева… рабт дошт, пас марҳилаи ҷадиди рушду такомули санъати театру синамои тоҷик аз фаъолияти эҷодии насли нави он тавассути хатмкардагони Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи А.В.Луначарский (ГИТИС)-и шаҳри Маскав, шогирдони арбобони намоёни Театри шӯравӣ Б. Бибиков ва О.И. Пижова маншаъ гирифтааст.
Гурӯҳи мазкур бо номҳои тобноке чун Маҳмудҷон Воҳидов, Ҳабибулло Абдураззоқов, Марям Исоева, Фотима Ғуломова, Тӯрахон Аҳмадхонов, Носир Ҳасанов ва дигарон дар саҳнаи тоҷик инқилобе ба бор оварданд. Инқилоби андешаву афкор, инқилоби эҳсосу дард… Бешак, дар ин ҷабҳаи инқилоби эҷоду ҳунар яке аз пешгомону парчамбардорони қавию тавоно ва соҳибистеъдоди саҳнаи театру синамои тоҷик устод Ҳошим Гадоев буд…
Солҳои донишҷӯйӣ Ҳошим Гадоро дар саҳна, дар нақшҳои Сӯҳроб, Фердинанд, Иброҳимбек, Девона, Хлестаков… медидему орзу мекардем, ки дар паҳлуи ӯ бошем. Бо тақозои тақдир соли 1978 ман бо роҳхати Вазорати фарҳанг ба Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ба кор омадам ва ифтихору шодиямро ҳадду канор набуд, ки бо устодони шуҳратманди саҳнаи театру синамои тоҷик ҳамкору ҳамсуҳбат мешавам…
Агар қаблан чун тамошогар Сӯҳробро аз толор медидам, вале акнун дар саҳна дар паҳлуи Сӯҳроб қарор доштам. Вақте ки Ҳошим Гадо бо ранҷу азоб ва ҳиссиёту дарди гарон, бо сарфи қувваю ҳарорати зиёд Сӯҳробро бозӣ мекард, ман аз наздик ҷазабаву ҳашамати ҳунар ва истеъдоди волои ӯро эҳсос ва мушоҳида мекардам.
Ҳангоме ки ӯ бо мо лашкариёнаш: «Эй бихрадони далер!..» — гӯён муроҷиат мекард, тамоми вуҷуди моро ҳиссиёти шуҷоату диловарӣ фаро мегирифт ва худро сарбозони ҳақиқии лашкари Сӯҳроб, гурдони майдони набард эҳсос мекардем. Ҳошим Гадо бо неруву ҳарорати ҳунар ва истеъдоди баланд нидои Фирдавсии бузургро аз қаъри асрҳо ба гӯши дили мо ва ба гӯши ҳамзамонони мо мерасонд. Қаҳрамони Фирдавсӣ бо тамоми шукӯҳу азамат, азму иродаи оҳанин зинда мешуду мардонагиву футувват, адолату ҳақиқат, ватандӯстиву садоқат, сулҳу ваҳдатро талқин менамуд. Бале, ҷазабаву неруе, ки ҳунари асил дорад, аз тамоми жанрҳову услубҳои адабиёту санъат ва воситаҳои ахбори омма қавитару муассиртар аст. Гоҳе ки ба сафи мо лашкариёнаш наздик шуда, найзаи маро медошт ва монологи машҳури худро ироа мекард, зӯри бозувон ва ҳарорату алангаи ҳунару истеъдоди ӯ баръало ҳис мегардид. Тамоми вуҷудаш, ҳар як рагу пайвандаш ба Сӯҳроби ял мубаддал мегашт :
Ҳаме зӯрӣ гурдӣ ба ҷой оваред,
Ҷаҳонро зи мардӣ ба пой оваред…
Бикӯшед, то ранҷҳо кам кунед,
Дили ғамгинон шоду беғам кунед…
Кӣ гетӣ намонду намонад ба кас,
Беозориву дод ҷӯеду бас…
Ҳама сар ба сар дасти некӣ баред,
Ҷаҳони ҷаҳонро ба бад наспаред…
Аз фосила таъсири зарядҳои майдони биологии бадани ӯ эҳсос мешуд. Дар тӯли намоиш пероҳани таҳи либоси саҳнавии ӯро ходимони коргоҳи либос бо сабаби аз арақ шип-шилта шуданаш чанд бор иваз мекарданд. Ин ҳолат дар ҳама намоишҳое, ки Ҳошим Гадо нақшҳои асосиро иҷро менамуд, мушоҳида мешуд.
Таърихи театри ҷаҳон чунин актёреро, ки нисбат ба худаш ба ин андоза ва бераҳмона сахтгир бошад, кам дар ёд дорад. Ба хурдтарин ҷузъиёти пардоз (грим)–и қаҳрамон, либос ва анҷоми саҳнавӣ (реквизит)-и он эътибор медод. Ҳангоми тамрин аз худ бе худ гашта, саропо ба эҳсос ва ташаннуҷи рӯҳӣ мувоҷеҳ мегардид.
Ҳар як нақши ӯ эътироз ва исёнест алайҳи ноҷӯриву нохубиҳои ҷаҳони ҳастӣ… Исёну ҷунуни саҳнавӣ ба хислату рафтори шахсии ҳунарпеша таъсири амиқи худро гузоштааст. Зумрае ӯро «девона» мепиндоранд. Бале, ӯ девонаи касби хеш аст. Барои расидан ба авҷу камолоти истеъдод бояд ҷунун дошт, бояд девонавор аз худ гузашт. Ин аст асрори муваффақияти Ҳошим Гадо дар арсаи эҷод…
Сӯҳроб, Фердинанд, Хлестаков, Ҳамлет, Девона, Эдип…ва Ҳошим. Инҳо ҳама дар як саҳна бо розу ниёз, андешаву фалсафа ва рӯзгору тақдири пуртазод ба ҳам омадаанд…
Бисёриҳо ба он андешаанд, ки Эдип баландтарин қуллаи эҷодиёту ҳунари Ҳошим аст. Вале худи Ҳошим ягон нақши иҷрокардаашро аз дигараш кам нашуморидааст. Ба ҳама нақшҳояш бо масъулияти баланди эҷодӣ кор гирифтааст. Барои ҳамин ҳам ӯ Ҳошим Гадост…
Баъди анҷоми намоиш ӯ дуру дароз, гоҳе соатҳо дар пардозхона худро ба худ меовард. Рӯзи дигар мо — ҷавонони роҳҷӯйи саҳнаро ба кунҷе даъват мекарду мепурсид:
- Шумо, ки ҳоло вайрон (олуда ба шӯру шари театр) нашудаед, гӯед, ки бозии ман дишаб чӣ гуна буд?! Чӣ эроде доред?..
Аз ҳар эроду пешниҳод, аз ҳар дидаву шунида, аз ҳар воқеаву ҳолатҳои зиндагӣ барои такмилу таҳкими нақши худ, хислату рафтори қаҳрамонони худ баҳрае, ғизое, унсуреро зарра-зарра меафзуд. Мо — ҷавонон ҳам аз ӯ зарра-зарра чизе мегирифтем.
Батадриҷ шумори қаҳрамонони саҳнавии ман ба мисли «Роҳгузари 6», «Деҳқони 9», «Овози 7», «Колхозчии 4», «Солдати 8», «Немиси 5», «Сарбози 13», «Шоҳмарди 3», «Посбони 2» ва ғайра бо сабақу маслиҳати устод Ҳошим Гадо афзун гашта, ниҳоят дар намоиши «Исёни арӯсон» (дар таҳияи Ҳошим Гадо) ба иҷрои нақши писари хурдӣ- Тӯхта муваффақ гардидам. Ҳамон тавре ки хандаву шӯхиҳои устод Ҳошим ба ман писанд аст, ӯ низ танзу ҳазлҳои маро меписандад ва таҳаммул мекунад… Дар таҳияи мазҳакаи «Исёни арӯсон»-и Саид Аҳмад тамоми ҷузъиёти «девонагиҳо» -и устод Ҳошим Гадо бо ҳама «куллиёташ» мавриди истифода ва баррасӣ қарор гирифта буд…
Яке аз марҳилаҳои пурғановату пурмоҷарои фаъолияти эҷодии мо бо устод Ҳошим Гадо — ин давраи таҳияи «Шоҳ Эдип »-и Софокл дар саҳнаи театри тоҷик буд. Кор то ҳадде пурмашаққату сангин буд, ки гоҳо «Эдип ҷавобамон деҳ!», «Ҳошим наҷотамон деҳ!», «Эдип обедамон деҳ!»- гӯён ба фиғон меомадем. Ва бори дигар пеши худ собит сохтем, ки натиҷаи ҳама гуна заҳмату машаққат, ранҷу азобҳои эҷодӣ олӣ хоҳад буд. Комёбиву шуҳрати «Эдип»-ро донандагон медонанд. Ҳоҷат ба шарҳу баён нест. Таҳияи «Эдип» на ин ки як саҳифаи рангин, балки як марҳилаи муҳими таърихи театри тоҷик аст…
Замони басо душвору пуртаззоди ҳамкории эҷодии ман бо устод Ҳошим Гадо — соли 2008 ҳангоми таҳияи намоиши «Рӯдакӣ»-и Сотим Улуғзода бахшида ба 1150-солагии Одамушшуарро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ рух дода буд. Пешниҳод шудани нақши Рӯдакӣ ба мане, ки қариб даҳ сол аз саҳнаву театр дур шуда будаму синнам ҳам аз 50 боло буд, ногаҳониву ғайричашмдошт афтод. Ҳарчанд, ки пофишориву исрор кардам, вале раъйи устод қатъӣ буд… Ҳикмати «Ҷабри устод беҳ аз меҳри падар»-ро дастури амал намуда, расидем ба рӯзе, ки ба нахустнамоиши «Рӯдакӣ» худи Пешвои миллат — Сарвари кишвар ташриф оварданд. Заҳмати миёншикани моро қадр карданд… Барои ман фикру андеша ва таассуроти меҳмонони ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ «Наврӯз-2011» — ҳунармандону коршиносони Қазоқистону Қирғизистон, Эрону Афғонистон ва ғайра хеле муҳиму рӯҳафзо буд.
Ҳошим Гадо, ки пайваста аз каҷравиҳои рӯзгор, бухлу ҳасад, нотавонбиниву пешпододанҳо шикоят мекунад, ҳақ ҳам ҳаст. Вале корвони шуҳрату эътибор, эҷоду эъҷози ӯ аз бодҳои номувофиқ осебу газанде намеёбад. Албатта, ҷойи афсӯс аст, ки муҳиту фазои ҷомеаи мо театрӣ нест. Ба театр омадан, ба театр майлу рағбат доштан дар мо анъана нашуд, ки нашуд… Ин аст дарду ҳасрати Ҳошим Гадо.
Ҳошим Гадо бо ҳама истеъдоду ҳунар, донишу малакае, ки дорад, барои саҳнаҳои Юнону Итолиё, Инглистону Фаронса, Россияву Олмон ва Ҳолливуд мувофиқу созгор аст. Вале бояд ифтихор кунем, ки ӯ аз мост!.. Бояд ӯро қадр кунем. Ӯ шоҳи саҳнаи тоҷик аст!
Ортиқ Қодир,
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон